Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар ҳамон вақт шумо сабаби урён будатанатонро напурсидед?
-Пурсидам, вале онҳо гуфтанд, ки дар хона касе набуд, пас чӣ тавр метавон ба суханони ман бовар намуд. Охир ман аз куҷо медонистам, ки дар он бозии қисмат ронанда тиҷорати хешро дорад.
-Чӣ хел тиҷорат?
-Шантаж.
-Дар ин бора шумо кай огоҳӣ ёфтед?
-Ҳамон лаҳзае ки ба озодӣ баромадам. Чун ман аз мошин берун омадам, ронанда лифофаеро ба дастам дода гуфт, то омадани шавҳарат тамошо кун, гумон мекунам ба ту писанд меояд.
Чун он мошини берақам аз он маҳал дур шуд, ман лифофаро кушода аксҳои урёни хешро дидам. Чун тайи ду шабонарӯзи дигар ӯ ба ман дастдарозӣ накард, ман ба хулосае омадам, ки ронанда ин амалро бар хилофи дастурамали шефаш ба ҷо овардааст ва шояд аз кадом пиёла об нӯшидани патронашро ҳам медонистааст, он рӯз ман аз пиёлаи дигар, ки нисбат ба пиёлаи аввала одитар буд, об нӯшида будам...
-Баъд чӣ шуд?
-Анҷомашро, ба фикрам, шумо медонед. Чун шавҳарам ба ҷои вохӯрӣ наомад, дуд аз димоғам баромад. Ба замми ин, ҳамсоя ба ман чунон меҳрубонӣ кард, ки дар ҳамон ҷо он асрори ниҳонро барояш ифшо намуда, аз ӯ ёрӣ хостам. Ҳамаи ин сабаб шуду мо чанд соат пас ба хона рафтем, чунки ба ҷустуҷӯи ҳамон бӯстонсаро рафта будем. Чун бандаро аз як тараф беҳуш бурдаву аз самти дигар бо чашмону дастони баста бароварда буданд, ҳамсояро аз рӯи самти ҳаракати мошин ва вақти ҳаракати он ба ҷустуҷӯи он маҳал бурдам, вале ҳамааш бе натиҷа анҷом ёфт. Ва мо ба хона баргаштем. Шавҳарам дишаб бандаро бар он айбдор карданӣ шуд, ки гӯё ман ҳамроҳи Мирзои Абдураззоқ танҳо баъди ду моҳи он ҳодиса сар ба як болин мондам ва он ҳам ба хотире, ки ӯ муҳри хомӯшӣ ба лаб бизанад, чунки бо ёрии вай ман он ронандаро ёфтам ва ҳамсоя ба ҳимояи банда бархоста, он шантажистро чун мард ба ҷояш шинонда, на танҳо аксҳо ва негатив, балки панҷсад доллари тайи ин муддат бо роҳи шантаж гирифтаи ӯро низ, ки аз худаш қарз гирифта будам, баргардонида гирифт.

пешина
аз 429
навбатӣ