Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Пас чаро дар ин бора ба милиса хабар надодед?
-Ин баробари он буд, ки аз борон гурехта, худро ба зери барф монӣ.
-Шумо он ронандаро баъди озодшавӣ бо чашми хеш дидед?
-Не.
-Пас пулҳоро тариқи кӣ ва ё чӣ тавр ба ӯ медодед?
-Ӯ ба ман телефон мекард ва дар куҷо гузоштани он пулҳоро мегуфт. Бори аввал ин баъди як ҳафтаи аз гарав озодшавии ман буд. Банда дар асоси талаби ӯ сесад доллар дар қуттии почтаи рақами 12 банои 8-и кучаи Пайрав Сулаймонӣ гузоштам. Бори дигар бо дархости вай дар охири моҳи сентябр ин амалро бо гузоштани дусад доллари амрикоӣ дар қуттии рақами 28, бинои рақами 10-М-и маҳалаи Зарафшон анҷом додам. Маҳз дар ҳамон ҷо ҳамсояамон Мирзои Абдураззоқ ӯро дастгир намуда, адабашро дод ва расму негативҳои ӯро гирифта, сипас ҳамаи онҳоро ба ман баргардонид...
-Яъне, шумо дар маҳали дастиршавӣ набудед?
-Не, вале бо хоҳиши ҳамсоя ман ӯро аз мақсаду мароми шантажист огоҳ намудам ва пулро гузошта худ ба хона омадам.
-Чаро аз дур истода, ӯро назорат накардед?
-Ҳамсоя гуфт, ки то шантажист бовар накунад, ки ман ба хона баргашта рафтаам, ба қуттии почта наздик намешавад ва бо чунин аҳвол дастгир намудани вай душвортар мегардад.
-Пас чӣ тавр шумо худро таслими вай намудед? - пурсидам ман.
-Ҳамон субҳ шавҳарам ба Дубай рафта буд ва шантажист соатҳои бист занг зада суроғаи мондани пулро гуфт. Банда ҳамоно ба ҳамсоя занг зада, дар ин бора вайро огоҳ намудам. Хушбахтона, ӯ ҳамон вақт дар тарабхонае ҳамроҳи ҳамкоронаш нишаста будааст ва ман таксиеро киро намуда, ба пеши тарабхонаи “Тоҷикистон” рафтам. Ӯ ҳамон маблағи талабнамударо аз ҷайбаш бароварда, ба ман дод ва дастур ҳам дода гуфт, ки пулро гузошта равам, чунки ӯ худаш ҳам лаҳзае пас ба он ҷо меравад, то бифаҳмад, ки шантажист кист. Қарибиҳои соати бисту се ҳамсоя гуфт, ки корҳо ҳама панҷ ва агар ман хоб нашуда бошам, ӯ метавонад он аксҳоро бо негативашон баргардонад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки дигар касе наметавонад бандаро шантаж намояд. Соати 23дақиқа касе тугмачаи дарро зер кард ва ман, ки аз роҳпойӣ қариб ба фиғон омада будам, пушти дар рафтаму аз чашмак ба берун нигаристам.

пешина
аз 429
навбатӣ