Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пуши дар ҳамсоя меистод. Дарро кушода, ӯро ба хона таклиф намудам, гуфт, ки бевақт шудааст, рафту Қиёмиддин омада монад, чӣ гумон мекунад.
-Қиёмиддин имшаб дар Дубай.
-Танҳо баъди шунидани ин суханам ӯ по ба остонаи хона гузошт ва ман ӯро ба меҳмонхона таклиф намудам.
Ӯ аз ҷузвдони дар дасташ буда негатив ва расмҳои аз рӯи он аксбардори шударо бароварда болои миз гузошта гуфт, дигар касе туро шантаж карда наметавонад ва боз илова намуд, ки ана аз дасти вай худозада пулҳоро ҳам гирифтааст. Сипас ӯ пулҳоро ҳам назди ман гузошт.
-О, ин пулҳои худатон беҳтар мешуд, онро мегирифтед.
-Чӣ ба шумо пул лозим нест? - хандида гуфт ҳамсоя.
-Лозим, вале дар айни вақт ман ба онҳо муҳтоҷ нестам...
-Рафту лозим шуда монад, банда ҳамеша дар хизмат, - гӯён ӯ пулҳои аз шантажист гирифтаашро ба ҷайб андохт. Ба дерии вақт нигоҳ накарда, акнун вай нияти аз манзили ман рафтанро надошт.
-Ягон нӯшокӣ доред? - ниҳоят пурсид ҳамсоя.
-Чой монам.
-Арақ нест?
-Ҳаст, - гуфтам ман ва аз ҷевон як шиша конякро оварда болои миз гузоштам.
-Чаро баҳри худат қадаҳ наовардӣ?-як қадаҳи овардаамро дида эътироз намуд ҳамсоя.
-Охир ман наменӯшам.
-Гумон дорӣ, ки ман дар танҳоӣ менӯшам, магар ҳамин аст оини меҳмондорӣ?
Ман дилу бедилон аз ҷевон қадаҳи дуюмро ҳам овардам ва боз як шоколад.
-Маълум ки бо чӣ нушидани конякро медонед, - гуфт ҳамсоя ва ба ҳарду қадаҳ коняк рехта гуфт:
-Барои ту зебосанам менӯшем, ки ҳама асрори ниҳонат ниҳон монад...
Сипас ӯ порчаи хурдеро аз он шоколад шикаста, қисмеро ба даҳони ман наздик овард ва банда инони ихтиёр аз даст дода, дар асоси талаби вай он пораро бо лабонам гирифтам.

пешина
аз 429
навбатӣ