Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боз чанд қадаҳи дигар лабрез шуд ва сарам чарх зад...
Чун чашм кушодам, худро лучи модарзод дар оғӯши ҳамсоя дидам...
-Шумо боре ҳам андеша накардед, ки чӣ тавр ҳамсоя бе садо ба рӯзгоратон ворид шуд?
-Не.
-Панҷоҳ ҳазор доллари талабнамударо гаравгонгирифтагон гирифтанд ё не?
-Албатта, вагарна ба гумон буд, ки бандаро озод кунанд.
-Дар аксари ҳолатҳо баъди гирифтани маблағи талабнамуда ҳаёти гаравгон бо фоҷиа анҷом меёбад, чунки онҳо намехоҳанд, ки шоҳиде дошта бошанд.
-Дишаб сари ҳамин масъала ман бо собиқ шавҳарам ҷанҷол намуда гуфтам, ки на ман, балки худат ташкилкунандаи он ҳодисаи ба сари ман омада ҳастӣ. Рафту агар онҳо туро намешинохтанд, ҳаргиз бандаро ҳам ба гарав намебурданд. Гумон мекунам, онҳо бандаро барои он ба дор накашиданд, ки ин амал болои шавҳарам соя меафканд ва ӯ маҷбур мешуд, ки ному насаби онҳоеро, ки дар шикасти амалиётҳои хеш гунаҳкораш медонистанд, ба забон биёрад...
-Яъне, шумо ба бегуноҳии шавҳаратон бовар надоред.
-Надорам.
-Ҳамин суханонро дар рӯ ба рӯяш гуфта метавонед?
-Барои шахси ғарқшуда фарқ надорад, ки об аз сари ӯ даҳ ангушт болост ё даҳ метр.
-Яъне, метавонед?
-Албатта.
-Дирӯз дар вохӯрӣ гуфтед, ки боре ҳам аз забони шавҳаратон номи Нозим Ятимро нашунидаед.
-Ҳамин хел аст.
-Дар суҳбати дирӯза бандаро бовар кунонидан хостед, ки ҳарчанд ба санади “таслимшавӣ” (талоқ дар назар аст) нияти имзо гузоштан ҳам дошта бошед, вале шартҳои хешро мемондед.
-Ба фикрам, ман гуфтам, ки сарамро медиҳаму хонаро не, ё нагуфтам.
-Гуфтед.

пешина
аз 429
навбатӣ