Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Дар он сурат чӣ ҷои шубҳа?
-Қонун наметавонад ҳамсаратонро бе сарпаноҳ монад.
-Сараввал ин ки ӯ бе сарпаноҳ нест. Дар Чорбоғ онҳо ҳавлии чор кас медидагӣ доранд.
-Ӯ, ки чанд сол бо шумо якҷоя дар кӯчаи Бинокорон зиндагӣ кардааст ва дар қайди шаҳр мебошад, чӣ тавр метавонад ҳиссаи хешро аз дигар ҷо талаб кунад.
-Инаш кори ман нест.
-Гумон мекунам, ки шумо то кунун ягон чизро аз мо пинҳон мекунед.
-Ба кадом мақсад?
19
-Шояд ҳамон ҳолатро чун козырь барои ҳуҷуми охирин нигоҳ доштан мехоҳед.
-Ман дирӯз ба ин саволатон посухи мушаххас дода будам.
-Гуфтед, ки ҳамааш ба хотири он аст, ки вай бояд рӯзҳои дар гарав будани шуморо ҷуброн намояд.
-Боз чияш нофаҳмост?
-Дирӯз дар ҳақиқат азобҳои дар таҳхона дидаи шуморо аз забонатон шунида бовар кардам, вале имрӯз ба хулосае омадам, ки шумо на дар таҳхона, балки дар кадом як бӯстонарое будед. Ба замми ин, касе ҳам шуморо шиканҷа надодааст.
-Чӣ хел шиканҷа надод, о ман гуфтам, ки вақте ҳамон марди тануманд бо дасташ ҷоғи поёни бандаро фишор дод, қариб чашмонам аз косахонаи сарам баромада буд, ин як тараф. Тарафи дигар ин корро ҳам бояд андеша намоед, охир ман дар он ҷо номусамро аз даст додам, инаш кам буд, ки боз муддати ду моҳ бандаро тариқи телефон шантаж намуда, пул гирифтанд ва оқибати он гаравгонгирӣ ба он оварда расонд, ки ман дубора худро ихтиёран ба оғӯши марди бегона андохтам ва бубинед тақдир бо ман чӣ кард? Охир ман дар назди дӯсту душман шарманда шудам, магар ба ҳамаи ин танҳо ман гунаҳкорам?
-Дирӯз гуфтед, ки нафарони шуморо ба гарав гирифта, таппонча доштанд, дар нисбати онҳое, ки имрӯз зикрашон дар ин ҷо рафт ҳамин гапро гуфта метавонед?
-Шояд доштанд, шояд не, ман аниқ гуфта наметавонам.
Козырь-афзалӣ, дастболоӣ, бартари.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо