Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ному насаби онҳоро намедонед?
-Рӯзи дуюми дар он ҷо буданам ҳардуяшон ба хона даромаданд, шояд барои ба гумроҳӣ андохтани банда он марди тануманд ба тарафи ронанда “Хачик, як чой мон” гуфта муроҷиат кард. Вақте ки чой тайёр шуд, чойхоначӣ “Охун, чой тайёр” гуфт...
-Агар онҳоро бубинед, мешиносед?
-Албатта, вале агар бубинам.
-Аз рӯи кадом нишонаҳояшон?
-Охун марди ҳамсинну соли шумо буда, дар болои абрӯи росташ доғи на чандон калоне чун асари ҷароҳат дорад. Хачик бошад аз мардуми Қафқоз дида, ба мардуми туркнажод монандтар аст. Чашмони тангу муйсари ҷингила дорад. Ман дар ҳамон ҷо ба хулосае омадам, ки Охун боре ҳам сарашро ба саҷдаи илоҳӣ набурда, Хачик бошад, на арманӣ, балки марди туркнажод аст...
-Аслан ман нафаҳмидам, ки чаро шумо дар давоми як шабонарӯз андешаҳоятонро сесаду шаст дараҷа дигар кардед?
-Ман не, балки шавҳарам дишаб ба ман роҳи дурустро нишон дод. Дурусттараш ӯ чашми бандаро ба зиндагӣ кушод...
-Дирӯз шумо гуфтед, ки баъди ҳодисаи ба гарав гирифтанатон асабатон хароб шудааст, магар ҳоло ҳам сари ҳамон гуфтаатон устувор ҳастед.
-Агар бошам-чӣ?
-Дар он сурат мо маҷбур мешавем шуморо аз ташхиси асабшинос гузаронем.
-Чун девона?
-Не, чун бемор.
-Аз ин бармеояд, ки шумо ба суханони банда чандон боварӣ надоред.
-Ҳаргиз чунин нест, мо аминем, ки ин дафъа шумо ҳақиқатро гуфтед, - ба баҳси ману Матлубаи Гурез дахолат намуда гуфта муфаттиш.
-Ҳамааш ҳамин хел аст.
-Дар он манзил дасту пойи шуморо набастанд?
-Не, чунки дар байни чор девори бетонӣ ва тирезаҳои панҷараи оҳанин доштаву дари фӯлодин ба чунин амал зарурате набуд.
-Деворҳои бетонӣ гуфтед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо