Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба гумон аст.
-Рафту агар ба ёд овардед, ана бо ин телефон ба ман занг занед, - рақами телефони дастиашро навишта ба дасти мусоҳибаш дода гуфт муфаттиши прокуратура, ки ба гумонам ин даъфа аз натиҷаи суҳбат қаноатманд буд.
Матлубаи Гурез боз ба чанд саволи хурди мо ба таври конкретӣ ҳа ё не гуфта, ба протоколи пурсиши шоҳид шинос шуда, имзо гузошта, бо мо худоҳофизӣ намуд...
Ҳангоме, ки ӯ дарро кушод, муфаттиш аз нав боз чизеро ба ёд овард, ки гулӯ рӯшан намуда гуфт:
-Хоҳиш мекунам аз ҷойи зистатон дур наравед ва ё агар ба кӯҷое рафтед, моро бояд дар бораи ҷойи зисти наватон огоҳ созед.
-Хуб шудааст, - гӯён Матлубаи Гурез аз дар баромад...
...27...
-Ба инаш чӣ мегӯед? - баробари аз дар баромадани Матлубаи Гурез пурсид муфаттиши прокуратура.
-Чӣ гӯям?
-Шуморо намедонам, вале ба андешаи банда ҳамааш аз бад бадтар шуд.
-Мо ҳам чун ҳамон устоҳои дарсозем, ки дар ҷо ба ҷо кардани дари сохтаамон дармондаем.
-“Дар дар дармонӣ” гуфтани мардум бесабаб набудааст.
-Зиндагӣ ҳама пур аз шебу фароз аст ва чун дар сохта шуд, онро, албатта ба ҷояш хоҳанд гузошт. Дер ё зуд дар ҳам ҷои хешро мегирад ва рисолати хешро анҷом медиҳад.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки тафтишот ҳам рисолати хешро ба сомон мерасонад.
-Дер ё зуд чунин хоҳад шуд.
20
-Бошад, ки рози пинҳон, хоҳад шуд ошкоро.
-Иншоолоҳ, ҳама кор ба ҳиммати худи мо вобаста аст.
-Ба фикрам, нишондоди охирини Матлубаи Гурезро санҷиданамон лозим.
-Кадом нишондодашро?
-Ӯ гуфт, ки баъди рафтани шавҳараш қарибиҳои шом, нафаре ба хонаашон занг зада ҳамсарашро пурсидааст.

Сухан аз Ҳофизи Шерозӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ