Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Санҷиши ин тарафи масъала ба мо ягон чиз намедиҳад.
-Чаро?
-Чунки чунин афрод ҳаргиз аз телефоне, ки ба номашон сабт шудааст, занг нахоҳад зад.
-Инаш чандон муҳим нест.
-Набошад чияш муҳим аст?
-Аслан мо донистан мехоҳем, ки чунин занги телефонӣ ба қайд гирифта шудааст ё не?
-Инаш чандон душворие надорад.
-Модоме, ки душворие надошта бошад, хуб мешуд муайян менамудед.
-Қиёми Абдулхайрро ҳангоми дар Бишкек буданаш, кӣ аз “корнамоиҳои” ҳамсараш огоҳ намудааст?
-Албатта, ман кӯшиш мекунам, вале натиҷаашро намедонам.
-Гумон доред, ки нафари ба Бишкек хабар дода ҳам қоидаҳои
21 конспиративи -ро риоя намудааст?
-Намедонам.
-Шумо рӯйхати расмии рақамҳои ба Қиёми Абдулхайр дар алоқа баромадаро пешниҳод намоед, он тарафашро мо худамон ягон илоҷ мекунем.
-Агар чунин илоҷаш бошад, пас чаро мо вақтро беҳуда сарф намоем.
-Чунки ба андешаи банда нафаре, ки ба Бишкек занг задааст, ҳамон шахсест, ки Қиёми Абдулхайро барои аз Ватан фирор намудан огоҳ сохтааст.
-Ба кадом хотир?
-Намедонам.
-Набошад, ӯ шахсест, ки ҳам ба наъл задаасту ҳам ба пошна.
-Кӣ медонад ӯро чӣ ҳавое дар сар аст?
-Сареву савдое...
-Набошад ман аз пайи кор шавам, - гӯён ман аз ҷой бархестам.
-Зид нестам, - гуфт муфаттиш ва ман аз чашмони маҳзунаш фаҳмидам, ки ӯ шаби дароз мижа таҳ накардаасту мехоҳад ҳарчи тезтар аз суҳбати банда халосӣ ёфта, лаҳзае дар танҳоӣ сари мизи корӣ ҳам бошад, чашмонашро пушад...
Конспиративи-махфӣ, ҷосуси.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо