Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар пеши бинои прокуратура лаҳзае таваққуф намудам, то самти ҳаракати минбаъдаамро муайян созам. Сипас ба самти муқобили роҳ гузашта, ба автобус нишаста, то пеши бинои "ТоҷикТел" рафтам.
Зани миёнсоле, матлаби бандаро шунида, баъди дидани шаҳодатномаи хизматиам маро ба қабулгоҳи сарвари корхона фиристод.
Боз ягон даҳ-понздаҳ дақиқа дар қабулгоҳ интизор шуда, ниҳоят по ба остонаи дафтари кории сарвари корхона ё худ ширкати “ТоҷикТел” гузоштам ва матлабамро баъди нишон додани ҳуҷҷати хизматиам баён намудам.
-Бе мактуби расмӣ мо ягон кор карда наметавонем, - гуфт нафаре ки дар пушти дараш “Директор” навишта шуда буд.
-Ман фақат донистан мехостам, ки чунин зангҳои телефонӣ буд ё не, - шикасти хешро напазируфта, хостам директорро ба ҳамдилӣ даъват намоям.
-Фарқ надорад.
-Яъне бандаро ба ҷуз баргашта рафтан чорае нест?
-Қоида, қоида ҳаст ва ман наметавонам бархилофи он амал намоям., мактуби расмиро, ки овардед, мо ба шумо кумак хоҳем кард.
Дигар каломе ба даст наоварда, аз дафтари кории директор баромадам, роҳравон як сухани маъмули русӣ ба ёдам омад: “когда
22 спешишь, людей насмешишь”.
Баробари аз бино баромадан ба муфаттиши прокуратура занг зада, ӯро дар ин бора огоҳ намудам.
-Майлаш мактуби расмиро худи ҳозир ман тайёр мекунам, агар хоҳед омада баред ё онро тариқи почта равон намоям?
Лаҳзае чӣ гуфтанамро надонистам. Боре Валентина
23 Михайловна Новикова аз ман пурсид, ки зан чист? Ҳар он чи ки дар тасвири ҷинси латиф хондаву шунида будам, барояш арзонӣ доштам, вале ӯ бо ҳамон як табассуми малеҳу зебояш ҳамаи он гуфтаҳои бандаро ба як пули пучак қадр накарда гуфт:

22
Саросемагӣ хандаи дигаронро ба бор меорад.
Нигар ба қиссаи Ш.Азизӣ “Ҳодисае дар бӯстонсаро.”

пешина
аз 429
навбатӣ