Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-“Женшина это тяжелий чемодан, которую нести тяжело, а
24 бросать жалько”. Дар ҳамин як ҷумлаи гуфтагии муфаттиш ҳам айнан чунин муаммое ниҳон буд. Маълум буд, ки худи Нӯшин аз пайи ин кор рафтанӣ нест, тариқи почта равон намудани мактуб бошад, баробари беҳуда вақтро аз даст додан буд. Бинобар ин гуфтам:
-Мактубро тайёр намоед, ман ҳозир расида меоям.
Бозгашти дуюми банда ба ширкати “ТоҷикТел” қарибиҳои анҷоми рӯзи корӣ ба вуқуъ пайваст. Ҳарчанд ба директор ман ҳангоми аз дафтари кориаш баромадан рӯ ба рӯ шудам, вале ӯ баробари дидани банда ҷавонмардӣ нишон дода, тағофул намуд ва мактубро пурсид.
-Марҳамат, - гӯён ман аз ҷузвдони дар дастам буда варақаи мактуби расмиро бо имзои муфаттиши прокуратура ба дасташ додам.
Баъди шиносоӣ бо мактуб ӯ дар гӯшаи чапи он чизе навишта гуфт:

  • Акнун ба назди Аббос Аҳмадович равед.
    -Он касро аз куҷо ёбам?
    -Охири даҳлез, тарафи дасти чап, - гӯён директор нигоҳашро ба тарафи котибааш дӯхта гуфт: - Садаф, ман ба маҷлиси назди вазир меравам, ин бародарро ба назди Аббос Аҳмадович баред...
    -Биё рафтем, - аз ҷояш хеста гуфт котиба ва хост аз паси мизи кориаш берун ояд.
    -Ташвиш накашед, ман худам.
    -Ихтиёр шуморост, - гӯён котиба боз сари мизи кориаш нишаст.
    Аббос Аҳмадович баробари гирифтани мактуб айнакашро ба чашм гузошта, чун рентген лисони ба даст гирифтаашро палмосид ва тугмачаеро зер намуд.
    -Шуморо гӯш мекунам.
    -Фариштабону, вай шогирдат дар куҷост?
    -Ин ҷо шогирдҳо бисёр, кадомашро дар назар доред?
    -О, ҳамоне ки номи гулро дорад.

24 Зан ҷомадони вазнинест, ки бурданаш душвор ва партофтанаш аз он душвортар аст.

пешина
аз 429
навбатӣ