Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Садбарг?
-Не.
-Лола?
-Не, вай духтараки аз Чортут омада.
-Бунафша.
-Ҳа, худи худаш.
-Майлаш ҳозир мефиристам.
Лаҳзае пас духтараки миёнқади гандумгуне вориди дафтари кории Аббос Аҳмадович гашта пурсид:
-Аббос Аҳмадович, маро ҷеғ зада будед?
-Ана ин мактубро гирифта, ба назди сардори смена рав ва ҳарчи зудтар ба он ҷавоби расмӣ тайёр намуда, боз ба назди ман биёр.
-Хуб шудааст, - гӯён духтар аз дафтари кории муовини директор баромад.
-Тайи ним соат ҳамааш тайёр мешавад, вале агар вақт надошта бошед, мо фардо онро тариқи почта ба суроғаатон ирсол мекунем.
-Беҳтараш интизор мешавам.
-Ихтиёратон, - гӯён Ғуломов боз ба қироати коғазҳои болои миз пардохт. Бунафша баъди бисту ду дақиқа аз нав рухсат пурсида, вориди дафтари кории муовини директор шуда, варақаҳои дар дасташ бударо болои мизи кории Аббос Аҳмадович гузошт.
-Ҳамааш ҳамин?-дар чанд сония варақаҳоро аз назар гузаронида пурсид Ғуломов.
-Ҳамин,-ҷавоб дод духтарак, ки дар ҳамон лаҳзаҳо гӯё чун хонандаи мактаби миёна дар назди тахтаи синф рост меистод.
-Майлаш, акнун ба ҷои корат рав-амр дод нафаре ки сари миз менишаст ва духтарак ба сӯи дар ҳаракат намуд. Аббос Аҳмадович ба яке аз он варақаҳо имзо гузошта, онро ба дасти ман дода гуфт:
-Ба бахти шумо, ки шумораи зангҳои телефонии муштариёни ба меҳмонхонаи “Манас”-и шаҳри Бишкек ба алоқа баромада дар давоми рӯзҳои дар номаатон омада чандон зиёд набуданд. Ҳамагӣ бисту ду занги телефонӣ, ана худатон як дида бароед, - гӯён Аббос Аҳмадович коғази аллакай ба қайд гирифташударо ба дасти ман дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо