Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Аз шумораи нафарони ба меҳмонхонааш “Манас”-и шаҳри Бишкек ба алоқа баромада ҳафт нафарашон аз телефонҳои мобилӣ ба номашон сабт шуда ва понздаҳ нафар аз шабакаҳои автоматии алоқаи шаҳрӣ бо пойтахти Қирғизистон дар гуфтушунид буданд.
Ҳамчунин ба саволи дар номаи муфаттиш омада, ки оё рӯзи 0000
31 октябр дар байни соатҳои 17-18 бо телефони рақами (рақами телефон оварда шуда буд) ягон нафар алоқа барқарор намудааст,
48 танҳо як ҷавоб омада буд. Соати 17 дақиқа бо телефони мазкур аз телефон-автомати рақами 246 воқеъ дар кӯчаи Борбад алоқа барқарор карда шудааст. Давомнокии гуфтшунид сию ҳашт сония.
-Ман донистан мехостам, ки оё сабти гуфтушунидҳоро ёфтан мумкин аст?
-Албатта, модоме ки шумо ҳуҷҷати расмӣ пешниҳод намудаед, вале беҳтар мебуд, ки доираи кофтуковро маҳдудтар намуда, мақсади хешро равшантар баён мекардед.
-Ташаккур, рафту агар аз рӯи ин таблограмма мо ба хулосае омада натавонем, фардо ҳатман боз ба ин ҷо меоям.
-Дари ин идора ҳама вақт ба рӯи ҳомиёни қонун боз аст...
...28...
-Яъне, ки мақсади мо равшан набудааст, - чашм аз номаи ҷавобӣ наканда, баъди шунидани матлаби банда, овоз рӯшан намуд муфаттиш.
-Ҳамин хел.
-Афсӯс ки мо вақтро аз даст додем.
-Вақти рафта ҳам чун оби рехта аст. Пас чаро барои он чӣ ки баргардонданаш ғайриимкон аст, афсӯс хӯрем?
-Пас чӣ бояд кард?
-Ба беморхона рафта аз бемор ба саволҳои хеш посухи мушаххас гирифтан даркор.
-Агар ӯ суҳбат кардан нахоҳад-чӣ?
-Гумон доред, ӯ вақтро ба нафъи хеш истифода бурдан мехоҳад?
-Чаро не, модоме, ки рафти ҳодисаҳо ба нафъи ӯ анҷом пазируфтаанд.
-Гумон намекунам, ки ҷароҳати гирифтааш боиси ба маҳкама кашидани ҳамсараш гардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо