Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Акнун ӯ ба ҳар воситаи мехоҳад аз худ мусичаи бегуноҳ тарошад.
-Ба кадом хотир?
-То ки тафтишот ба ягон нишондоди ҳамсари бевафояш бовар накунад.
-Ҳақиқат чун тиллост, тилло бошад аз зери саргини хар ҳам ҷило медиҳад.
-Баъди рафтани шумо фикре ба сарам омад.
-Гӯш мекунам.
-Аслан вақти рафта ба ҷуз фоида боз зарар оварданаш ҳам мумкин.
-Аз кадом ҳисоб?
-Ба ёд биёред, ҳангоми дар Бишкек будани Қиёми Абдулхайр мо дар бораи бехатарии вай суҳбат намуда будем.
-Ин тарафи масъала дар зери назорати доимии милиса қарор дорад, рафту агар чунин намебуд, дишаб ӯро ҳамроҳи ҳамсараш ба милиса намеоварданд. Ба замми ин, ӯ дар беморхона ҳам дар зери назорати доимист.
-Шуморо намедонам, вале ман тайи ин бист соати охир ниҳоят хаста шудам, - гӯён Нӯшини Азиз аз сари мизи кориаш бархест.
-Кори шаб хандаи рӯз гуфтаанд, - гӯён ман ҳам ба суҳбат нуқта гузоштам.
Вақте ки мо аз дафтари кории муфаттиши прокуратура
08 баромадем, ақрабаки соат 17 дақиқаро нишон медод, вале дар берун кайҳо торик шуда буд.
-Шумо ба кадом? - тараф пурсид Нӯшин.
-Ба идора рафтанам лозим.
-Милисаҳо аслан мардуми аҷибанд.
-Аз кадом лиҳоз?
-Чунки онҳо дилбохтаи коранд, гӯё ба ҷуз идора барои онҳо муқаддасоти дигаре вуҷуд надорад.
-Ин ҳама ба ҳамон хотир аст, ки шумо орому сокит бошед.
-Кори милиса сахту сангин аст. Бубин дар ҳоле ки кайҳо шом фаро расидааст шумо нияти ба коргоҳ рафтан доред, дар ҳоле ки дигарон кайҳо аз кор омадаву ҳамроҳи аҳли оила шояд дар гирди дастурхон нишастаанд.

пешина
аз 429
навбатӣ