Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Чӣ илоҷ ё чӣ хеле мегӯянд “худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ.”
-Набошад. дар ҳамин ҷо хайрухуш мекунем,-гӯён Нӯшин дар сари чорроҳаи аввалин ба тарафи рост тоб хӯрд.
-Дар амони Худо бошед.
То аз чорроҳа гузаштани муфаттиш ман нигоҳамро аз ӯ накандам ва сипас роҳамро дар ҳамон самти ҳаракатам идома додам. Аслан Нӯшин духтари ниҳоят оромтабиат буд. Тайи ду соли дар прокуратураи ноҳияи Сарчашма кор намуданаш ӯ худро чун мутахассиси хуб арзёбӣ карда тавонист. Новобаста ба ҳамаи ин ӯ ниҳоят инсони ҳалиму хоксор буд, маҳз аз рӯи ҳамин хислаташ ҳамагон вайро дӯст медоштанд...
Бо ҳамин фикру андеша ман ба милиса омадам. Навбатдор
00 баробари диданам хабар дод, ки расо соати 18 маҷлис мешудааст. Ҳарчанд ман маҷлису маҷлисбозиро дӯст надорам ҳам, сухани навбатдоро тасдиқ намуда гуфтам:
-Фаҳмидам. Ба ошёнаи дуюм баромада, вориди дафтари кориам шудам. То оғози маҷлис боз бист дақиқа вақт буд, бинобар ҳамин парвандаи ҷустуҷӯиро, ки дар асоси ҳодисаи рӯзи 1 ноябр дар кӯчаи Бинокорон рух дода, баҳри омӯзиш ба даст гирифтам...
...29...
Ин субҳ нисбат ба рӯзҳои гузашта ниҳоят сард буд. Осмонро пардаи абри сиёҳ пӯшида. Шамоли сард, ки то ба устухон кора мекард, аз оғози зимистон мужда медод, ҳарчанд то саршавии моҳи декабр боз як ҳафта вақт буд. Дишаб, вақте ки ба хона омадам, Расул “муждагонӣ” гирифтан хост. Чун сабаб пурсидам, гуфт бобоям занг зада, хабар дод, ки аз оғози намози шом дар Сағирдашт барф боридааст ва агар то субҳ бо ҳамин суръат боридан гирад, на кам аз бист-биступанҷ сантиметр барф чун қабои сафед заминро мепӯшад.
-Барои Сағирдашт барф як ҳодисаи муқаррарист, ҳатто мо барфро дар аввалҳои моҳи август ҳам дидаем, ту бошӣ шарм накарда “муждагонӣ” диҳед, мегӯӣ, - ба суханони писарам эътироз намудам ман.
-Бовар намекунам, бовар намекунам, чӣ хел дар моҳи август барф меборидааст? - паст наомада гуфт Расул.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо