Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Чӣ хел? Чӣ хел? Барф чӣ хел меборад? Чун ҳаво абрнок шуду ҳарорат паст, албатта, дар водиҳо борон меборад, дар баландкӯҳҳо бошад барф.
-Тайи чанд сол аст, ки ман ҳам таътили тобистонаамро дар он ҷо мегузаронам, вале барф он тараф истад, ҳатто боронро надидам.
-Дар ду-се соли охир, гапат рост, вале солҳои пешин боришнокӣ хеле зиёд буд, агар бовар накунӣ, аз очаат рафта пурс.
-Ҳаминаш намерасид.
-Яъне, ки бовар кардӣ?
-Албатта.
-Як чизро аз ёд набарор.
-Чиро?
-Чун дидӣ, ки дар шаҳр ҳаво абрнок шуд, бояд дарк намоӣ, ки дар ватани бобоят борон ва чун дар доманакӯҳҳо борон гирифт, дар Сағирдашт ҳатман барф меборад.
-Пас чаро дар Сағирдашт барф борида истодаасту дар шаҳр осмон ситоразор аст.
-Муъҷизаҳои Худовандро фаҳмиданаш душвор, гуфтам ман дишаб, вале ин субҳ вазъи обу ҳаво ба куллӣ тағйир ёфта буд.
Аслан мардумон бар он ақидаанд, ки абр агар аз қибла (тарафи мағриб дар назар аст) хезад, сахт борон мешавад, вале чун Сағирдашт дар самти шарқ ҷойгир аст, пас аз кадом тараф омадани сардии ҳаворо муайян намудан душвор буд. Фақат як ҳолат мусаллам буд, ки агар барф ҳам наборад, вале омадани борон ногузир аст...
Вақте ки банда ба истгоҳ омадам, аввалин қатраҳои борон ба сару рӯям бархӯрданд. Лаҳзае пас мо ба автобуси хурде нишаста ба роҳ баромадем. Тайи бист дақиқаи дар роҳ буданамон суръати борон ҳам чун суръати автомобил дучанду даҳчанд шуд...
Чун дар рӯ ба рӯӣ бинои милиса автобусро боздоштам, ҷӯйбори паҳлуи роҳ, ки ҳафтаҳо боз рӯи обро надида буд, рӯди
25 Рукнобод -ро мемонд.
Ҳарчанд то бинои милиса на беш аз понздаҳ-бист қадам роҳ буд, вале ман осори боронро ба он ҷо бо худ бурдам...
Ишора ба ғазали Ҳ. Шерозӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо