Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ана инро борон мегӯянд, - чашм аз оинаи шаффофи тиреза наканда гуфт навбатдор, ки шояд омадани сардорро интизорӣ мекашид.
Ба ёрдамчии навбатдор салом дода, аз зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромадам. Дар дафтари кориам чун навбатдор пушти оинаи тиреза, ки ба самти ҳавли кушода мешуд, рост шудам. Борон ҳанӯз суръаташро суст накарда бошад ҳам, саҳни ҳавлӣ ҳавзи оббозиро мемонд. Бобоям, илоҳо равонаш шод бод, ки дар дониш андӯхтани банда саҳми босазои хешро гузошта буд, ҳамеша падарамро, ки маро барои кам хонданам сарзаниш мекард, гӯшмол дода мегуфт:
-Набераамро барои хондан маҷбур насоз, бигузор ӯ дар пайроҳаи дониш оҳиста ҳам бошад, қадамҳои устувор гузорад. Оё нашунидаӣ, ки мегӯянд: “оҳиста рав, ҳамеша рав” ва гоҳе сухани хешро тақвият дода, падарамро бовар мекунонид, ки: “обҳои равон, ки мебинӣ, ҳама аз қатраҳои боронанд”...
Қатраҳои борон ба суръати шамол тоб наоварда, аҳён-аҳён ба шишаи тиреза бархӯрда, бо садои ноҷӯри хеш ба торҳои қабам нохун мезад...
Маҳз ҳамин мусиқии ноҷӯр ба “парвози” мавҷи хаёлоти банда, ки матлабаш “дарди бадро, давои бад” гуфтаанд, асос гузошт...
...30...
Муфаттиши прокуратура андешаҳои бандаро шунида гуфт:
-О, ин чӣ хел мешавад?
-Нағз мешавад.
-Магар ин қонуншиканӣ нест?
-Ҳаст, вале дарди бадро давои бад гуфтаанд.
-Гумон доред, ки ба хотири кушодашавии парвандаи мазкур ман пой бар болои қонун мегузорам?
-Пой дар болои қонун гузоштан мумкин нест, вале дар атрофи ҳамин қонуни гуфтагиатон, ки чун баҳр аст, давр задан аз манфиат холӣ нест.
-Ин танҳо аз нигоҳи шумо.
-Аз нигоҳи шумо чӣ?
-Ман ҳаргиз ба ин роҳ рафтан намехоҳам.
-Яъне, ки метарсед?
-Алабтта.

пешина
аз 429
навбатӣ