Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Пас чӣ бояд кард?
-Далелҳои муътамад ёфтан лозим, то фардо назди нокасе сурху сафед нашавем.
-Рафту агар шумо розӣ мешудед, мо рафти амалиётро тезтар мекардем.
-Ман аллакай сухани хеш гуфтам.
-Шумо худ шоҳид хоҳед шуд, ки ҳодиса айнан чуноне рух додааст, ки ман гуфтам.
-Бигузор чунин ҳам бошад, вале ба муқобили ҷараёни об шино кардан маъние надорад.
-Чӣ илоҷ? Модоме чунин аст, маро рафтанам лозим.
-Шояд як чой монам?
-Ташаккур, - гӯён ман аз ҷой бархостам.
-Рӯзаш ояд ба ман раҳмат ҳам хоҳед гуфт.
-Ба кадом хотир?
-Ба ҳамон хотире, ки имрӯз дар иҷрои амале садди роҳатон шудам.
-Ҳамаи инро вақт ҳал мекунад, - гӯён ман аз дар баромадам.
Дар пеши бинои прокуратура кормандони идораи манзилию коммуналӣ ба тоза намудани ҷӯйборҳои канори роҳ дасту остин бар зада буданд. Аён буд, ки борони субҳгоҳӣ аз худ нақши хубе гузошта ва агар чунин набудӣ, ҳаргиз кормандони идораи коммуналии шаҳр бо чунин дилгармӣ рӯи роҳ намебаромаданд...
-“Тезии корд дар нӯги корд!” Нидои аз замирам бархоста чун намак болои захмҳои дар қалбам буда гашт. Шояд дар ҳодисае, ки тайи қариб чор ҳафта мо майна об мекардем, дар рӯзи аввал ба хатое роҳ додем, ё ҳамон вақт ба ҳодисаи рухдода баҳои дуруст
26 надодем. “Дурная голова ногам покоя не даёт”.
Тезии корд дар нӯги корд. Акнун ки дар вақташ мо ба ҳамин панди аз зиндагӣ гирифташуда аз паси панҷа нигаристем, дигар он ҳама шӯру валвалаи бардоштаамон арзиши як дона ҷави пучакро ҳам надошт.
Нӯшин рост гуфт, ки “ҳар он амале, ки акнун мо иҷро мекунем, аз нигоҳи қонун баҳогузорӣ карда мешавад,” вале ҳамин амалро дар рӯзҳои аввали содиршавии ҷиноят бе ягон дудилагӣ ба

Сари бемағз боиси ноосудагии пойҳо мегардад.

пешина
аз 429
навбатӣ