Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

анҷом расонидан мумкин буд. Тезии корд дар нӯги корд гуфтани мардум ҳам ифшогари ҳамин ақидаҳо буд.
Даву този кормандони хоҷагии коммуналӣ, ки таваҷҷуҳи бандаро бедор намуда буд, аз як тараф, андешаҳои бесару нӯги дар майнаам чархзананда, ки аз баҳси бентиҷаи лаҳзае пеш бо муфаттиш доштаам сарчашма гирифта буд, аз тарафи дигар, манро лаҳзае ҳам бошад, дар пеши бинои прокуратура, ки бояд ба самти муқобил мегузаштам, нигоҳ дошт...
-Рафиқ капитан!-гуфтани касе маро ҳушёр сохт ва чун ба тарафи овоз нигаристам Нӯшинро дидам, ки аз зинаҳои пеши бино фаромада ба тарафи ман меомад.
-Хайрият, ки нарафтед, - баробари дар рӯ ба рӯям тағофул намудан сухан оғоз намуд муфаттиш.
-Боз чӣ гап шуд ё мехоҳед, ки пой ба болои қонун гузорем?
-Ҳаргиз ин хел нест, рафиқ капитан, вале ман мехоҳам, ки ба шумо ёрӣ диҳам.
-Чӣ хел ёрӣ?
-Биёед беҳтараш ба бино дароем, дар ҳамон ҷо ҳамаашро мефаҳмед.
-Рафту ман ба бино наравам-чӣ?
-Зорӣ дорему зӯри не, акаҷон.
Дигар чӣ ҳам мегуфтам, модоме, ки худи Нӯшин ҳамаашро гуфт. Эй кош ӯ сухани дуруште мегуфту ман роҳамро давом медодам, вале ҳамааш баръакс шуд. Бо ҳамин як сухани мулоим ӯ маро афсун намуд, мисли оне ки нағмагар бо овози най морро дар кӯза ҷой мекунад...
-Хуш он чӣ хел ёрӣ будааст? - баробари ба курсӣ нишастан пурсидам ман.
-Гумон мекунам, ки барои ба марра наздик шудан сабти овози нафароне, ки дирӯз таблограмаашро овардед, ёрӣ медиҳад.
-Кӣ садди роҳи шумо гаштааст?
-Шуморо мефаҳмам, вале ҳозир вақти киноя гуфтан нест.
Албатта, шумо дар кори хеш устоед, вале бо ҳамин нодонӣ ман ҳаминро мегӯям, ки моро ба ҷуз якдилӣ дигар чорае нест, мефаҳмед?
-Не.

пешина
аз 429
навбатӣ