Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҷинояткорон ҳам чун руҳшиносонанд, агар чунин набудӣ, онҳо ҳаргиз ба тори асаби дигарон нохун намезаданд. Пас мо бояд чун пештара дар мубориза ба муқобили онҳо муттаҳид бошем, ё чӣ хеле ки шумо мегӯед, қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст. Зарба бояд таъсирбахш бошад, вагарна аз он самаре нест...
-Чӣ хел шумо маро ба якдилӣ даъват мекунед, модоме ки таклифамро напазируфтед?
-Ман таклифи шуморо рад накардам, балки роҳи алтернативиашро нишон додам. Чӣ фарқ дорад, ки мо ба марра чӣ хел мерасем, шумо роҳи наздику хатарнокро пешниҳод намудед, вале ман роҳи каме ҳам бошад, дуртару бехавфро. Оё нашунидаед, ки мардони бохирад ҳамеша ҳидоятгари роҳи ростанд. Ба роҳи рост рав, агарчӣ дур аст, мегӯянд онҳо.
Ҳарчанд Нӯшин давом суханашро нагуфт, вале ман онро борҳо аз забони калонсолон шунида будам. Аслан ҳақ ба ҷониби Нӯшин буданашро ман дар ҳамин лаҳза дарк намудам. Ҳарчанд ӯ аз неку бади зиндагӣ чандон огоҳ ҳам набошад, вале маълум буд, ки некро аз бад дуруст фарқ мекунад. То андозае ҳақ ҳам ба ҷониби вай буд, охир чӣ фарқ дорад, ки ба марра мо чӣ хел мерасем ва чаро барои тезтар расидан ҷонро дар хатар монем. Рафту каме нофаҳмие ба амал ояд, боз пеши ҳар касу нокас сар хам намоем.
-Шуморо гӯш мекунам, рафиқ капитан, - дубора овоз рӯшан кард муфаттиш.
-Сари гуфтаҳои шумо андеша дорам.
-То омадани шумо ман дар ин мактуб (муфаттиш аз ҷузвдони коғазини дар паҳлуи чапи мизи кориаш буда варақаеро берун овард) мақсаду маромамро кушоду возеҳ дарҷ намудам, вале чун оғози суҳбатамон чандон мулоим набуд, ба шумо нишон додани онро аз хотир баровардам, агар хоҳед онро гирифта боз ба ҳамон ширкати “ТоҷикТел” равед, нахоҳед ман худам меравам, роҳи алтернативиаш ҳам ҳаст.
-Чӣ хел роҳи алтернативӣ?
-Мо ҳарду якҷоя меравем.
Ба ақлу заковати муфаттиш қоил нашудан ғайриимкон буд. Ӯ тайи чанд лаҳза тавонист тамоми он ғубореро, ки ба қавле дар қалби банда гузошта буд, аз замирам берун созад. Бинобар ин гуфтам:

пешина
аз 429
навбатӣ