Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Хуб мешуд, ки ба ман бовар мекардед.
-Ба шумо, ки бовар накунам, ба кӣ бовар кунам? - гӯён ӯ варақи ҳанӯз дар дасташ бударо ба ман дод.
Хостам варақаро ба ҷузвдони дар дастам буда гузорам, вале муфаттиш эътироз намуда гуфт, ки хуб мешуд онро пеш аз бурдан аз назар мегузаронидам.
-Аминам, ки ин даъфа андешаҳоятон барои коркунони ширкати “ТоҷикТел” возеҳу равшананд.
-Барои ҳамин ҳам мехостам онро аз назар гузаронед.
-Ман боварӣ дорам, ки хатое дар ин лисон нест, - гӯён онро ба ҷузвдон гузоштам...
-Боз нашавад, ки-хандида гуфт Нӯшин.
-Намешавад, - гуфтам ман ва аз ҷой бархостам...
-Рафту дар он варақа хатое бошад, ислоҳаш ба зиммаи шумо,

  • гуфт муфаттиш ва ин дафъа бандаро то зинаҳои пеши бино гусел намуд...
    ...31...
    Бозгашти банда ба прокуратура ба нимаи дуюми рӯз рост омад. Ба дар ангушт задам, вале садоеро нашунидам. Ба ҳар ҳол дилу бедилон даст ба дар бурдам...
    Муфаттиш дар ҷои кораш набуд, вале ман дар роҳрав истоданро чандон хуш надоштам ва вориди дафтари кории Нӯшини Азиз шудам.
    Аз бекорӣ кадукорӣ гуфтагӣ барин аз ҷузвдон коғазҳои аз ширкати “ТоҷикТел” овардаамро бароварда, болои миз гузоштам.
    Маълум буд, нафароне, ки аз телефонҳои шахсиашон бо меҳмонхонаи “Манас” дар алоқа шуданд, бо ҳодисаи таваҷҷуҳи моро бедор намуда ягон алоқае надоштанд. Аз ҳамин ҳисоб ман ба болои ному насаби он муштариёне, ки дар гуфтушуниди байни кишварҳо аз телефонҳои дастиашон истифода бурда буданд, чун Штирлетс ба болои акси саркардагони Германияи солҳои чилуми
    27 асри бист (Геринг, Гебелс, Гимлер ва Борман дар назаранд) хатти батлон кашидам...
    Дар байни понздаҳ довталабе, ки аз шабакаҳои автоматии алоқаи шаҳрӣ ба пойтахти кишвари ҳамсоя дар тамос буданд,

Нигар ба асари Ю. Семёнов “Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор.” ёфтани шахсе, ки Қиёми Абдулхайрро аз рафти ҳодисаҳои ба сари ҳамсараш омада огоҳ намуда буд, осон набуд.

пешина
аз 429
навбатӣ