Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гап дар сари он ки аз ҳамаи рақамҳо ба як рақам дар алоқа баромада буданд ва ҳар кадоми он нафарон дар кадом ҳуҷра иқомат намудани муштарии дигаро медонист ва ё тариқи дигар кас муштарии мазкурро ба телефони марказии дар даромадгоҳи бинои меҳмонхона буда даъват намуда буд. Дигар хел ҳам шуданаш ғайри имкон буд.
Довталабе, ки дар варақа таҳти рақами дувоздаҳ номнавис шуда буд, ба ҷойи худро муаррифӣ намудан ё ному насаби зангзанандаро пурсидан “Ба Исиккӯл рафта натавонистам гуфт,”- ва нафари ба алоқа баромада низ бе калому бе салом чунин гуфт:
“Ҳамааш аз бад бадтар шуд...” Маҳз ҳамин шахси зангзананда метавонист нафаре бошад, ки Қиёми Абдулхайрро аз воқеаҳои ба сари ҳамсараш омада огоҳ намуда. Чун гуфтушуниди мазкур характери рамзӣ дошт, банда ба хулосае омадам, ки Қиёми Абдулхайр ва нафаре, ки ба ӯ занг задааст, пешакӣ дар бораи гуфтушунид (агар дар ҳақиқат онҳо тариқи телефон дар тамос шуда бошанд) маслиҳат доштанд. Аз ҳамин лиҳоз метавон ҳардуро дар ҳодисаи субҳи рӯзи якуми ноябр рухдода гумонбар ҳисобид.
Дар байни як миллион сокини шаҳр ва боз аз чор як ҳиссаи меҳмонони вориди шаҳр шуда ёфтани нафаре, ки бо муштарии дар Бишкек буда алоқаи рамзӣ барқарор намуда буд, ёфтани сӯзанро дар байни тӯдаи коҳ мемонд.
-Оҳ-ҳо киро мебинам, - баробари дарро кушода бандаро дар дафтари кориаш дидан гуфт Нӯшини Азиз.
-Ҳарчанд шумо набудед, вале банда ҷуръат намуда...
-Ин хел нагӯед, рафиқ капитан, гумон мекунам, ин дафъа ягон хабари нек овардаед.
-Ҳамааш дар ҳамин ҷо, худатон хонда як қазоват намоед, - гӯён ман варақаҳои то ҳамин лаҳза дар пешам бударо ба дасти муфаттиш додам.
Муфаттиш ба сари мизи кориаш нишаста, ба қироати хабарҳои оварда пардохт.
Ман боз сари андешаҳои хеш дар атрофи ҳодисаи мазкур баргаштам. Танҳо ҳамин як гуфтушунид рамзи таваҷҷуҳи маро бедор намуд ва албатта баъди шиносоӣ муфаттиши прокуратура низ сари ҳамин нуқта қарор мегирифт, ё шояд ӯ номзади дигареро дар ин гуфтушунид меёфт.

пешина
аз 429
навбатӣ