Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Се рӯз пеш Абдурашиди Шариф дар гузоришаш натиҷаи пайгириҳояшро аз қафои он ҳофизи “мумтоз” рӯйи лисон оварда буд. Се рӯз боз ман дар андешаи он будам, ки маҳз Исмоили Мискин дар ду фронт кор мекунад, вале ҳамин як ҷумлаи кӯтоҳ “ҳамааш аз бад бадтар шуд” нигоҳи бандаро дар ин самт дар нимароҳ монд. Не, мо наметавонистем номзадии ин ҳофизи дайдурро аз рӯйхати довталабони озмун барорем, чунки ӯ дар ҳақиқат чун миёнрав дар додугирифти маводи мухаддир даст дошт.
-“Боздоштнашуда дузд нест. (Не пойман не вор).” -Бо ин қалби худогоҳ намедонистам чӣ гӯям, вале то ҷое ҳам нидои аз замирам бархоста ба ҳақиқат наздиктар буд.
-Ҳамааш ҳамин? - сар аз болои коғазҳо бардошта пурсид муфаттиш.
-Ҳамин...
28
-Ба ростӣ, агар Зорге зинда мешуд, пеши ин ҷосусҳои навбаромад кулоҳ аз сар мегирифт.
-Аз куҷо гирифтед, ки дар гуфтушуниди тарафайн рамзҳои ҷосусиро истифода бурдаанд?
-Гӯё, ки шумо намедонед.
-Ман аслан ҳеҷ чизро дар ин навиштаҷот нафаҳмидам, ба хусус онеро, ки оиди “корнамоиҳои” Матлубаи Гурез сухан меравад.
-Ин дуруст, вале ана ба гуфтшуниди рақаме, ки дар сабт чун дувоздаҳум ёдрас шудааст, назар афканед. Баъди занги телефони нафари дар Бишкек буда чунин посух гуфтааст:- “Ба Исиккӯл рафта натавонистам”. Чун мо дар остонаи зимистон истодаем, тасаввур намоед, ки сайёҳро дар Исиккӯл чӣ кор аст. Чӣ магар тобистон аст, ки ӯ ба Исиккӯл рафта, оббозӣ мекунад, ё ӯро ба форуми Исиккӯл оид ба наҷоти баҳри Арал даъват намуда ва эшон рафта натавониста афсӯс хӯрдааст? Ба андешаи банда ӯ нафари ба алоқа баромадаро огоҳ намудааст, ки бо рақами меҳмонхонаи мазкур ба алоқа баромадан хатарнок аст. Аз ин
Рихард Зорге-разведчики шӯравӣ дар Япония.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо