Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

бермеояд, ки нафари дар Бишкек буда назорат ё пайгирии ҳамкорони дар он ҷо будаи моро дарк намудааст.
-Чӣ хел дарк намудааст?
-Ҳамин хел одӣ. Дузд аслан аз сояи худаш ҳам метарсад. Чун дасту дили Қиёми Абдулхайр (ин танҳо андешаи худи ман аст ва агар онро напазиред, ҳам хафа намешавам) чандон пок набудааст, ӯ пайдошавии сояро аз лаҳзаи аввали пой ба остонаи шаҳри бегона гузоштанаш интизор буда, чунки “кишти кардаи вай чунин навъи даравро тақозо менамояд”.
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошам, Қиёми Абдулхайр аз сар задани чунин ҳодиса дар манзилаш огоҳӣ доштааст.
-Огоҳӣ доштааст ё не, чизе гуфта наметавонам, вале ӯ бесабаб ҳамсарашро огоҳ накардааст, ки рафту агар касе занг зад, гӯй, ки ман бегоҳ аз Кӯлоб бармегардам. Ин ҳам чандон муҳим нест.
-Муҳим чист?
-Дар ёдатон бошад, дар суҳбати рӯзи аввали баъди сар задани ҳодиса Матлубаи Гурез гуфта буд, ки Мирзои Абдураззоқ тамокукаши ашаддӣ буд ва қариб ҳар ду соат пас барои кашидани тамоку аз хонаи хоб мебаромад.
-Дар ёдам нест.
-Дуруст, чунки ҳамон вақте ки банда бо соҳибхона сари суҳбат қарор доштам, шумо ба берун барои муайян намудани камингоҳи қотил рафтед.
-Пас чаро Матлубаи Гурез дар суҳбатҳои минбаъдааш сари ин масъала барнагашт?
-Ин ҷо айб на дар ош, балки дар мош аст.
-Яъне мо гунаҳкорем.
-Бале мо, шахсан ман дар ин бора дигар напурсидам ё шумо пурсидед?
-Не.
-Рафту агар мепурсидем, ӯ ҳамаашро мегуфт, вале шояд аз рӯи бетаҷрибагӣ бошад, ки ман ба ҳамин тарафи масъала таваҷҷуҳ зоҳир накардам ва бо ин васила дасту пои хеш бастем.
-Худро мазаммат накунед.
-Ман ҳақиқатро гуфта истодаам, ҳарчанд ба забон овардани он бароям чандон гуворо нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо