Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Шумо пурсидед, ки Мирзои Абдураззоқ он шаб чанд маротиба аз хона ба даҳлез баромад.
-Пурсидам, ба фикрам се ё чор маротиба.
-Чӣ тавр метавон шахсе, ки бо нияти бад чун дузд ба хонаи ҳамсоя даромадааст, баҳри тамокукашӣ се-чор маротиба ба даҳлез барояд, ақли кас намегирад.
-Якум ин ки ҳамон шахси мегуфтагиатон боварии кулл доштааст, ки рақибаш дар Бишкек аст ва истироҳати ӯро халалдор карда наметавонад, дуюм ин ки ӯ баъди соати бистусе пой ба остонаи он хона гузошта. Дар он вақт аксари мардум дар хоб буданд, пас чаро дар чунин лаҳзаҳои дилхушӣ ӯ аз ҳавои тоза нафас намегирифтааст. Сеюм он ки вай аз куҷо медонист, ки касе қасд ба ҷони соҳибхона дорад?
-Ба андешаи шумо Қиёми Абдулхайр дидаву дониста рақибашро ба дами тир тела додааст.
-Гумон намекунам.
-Нигоҳи банда сари ин масъала дигархелтар аст.
-Яъне шумо бар он андешаед, ки ӯ рақибашро дидаву дониста...
-Ба фикрам ҳамин хел аст.
-Далел.
-Суҳбати дирӯзаи худи Қиёми Абдулхайрро ба ёд биёред, ҳарчанд дар он эҳсосот ва бофтаҳои хаёлӣ хеле зиёданд, вале қатрае аз ҳақиқат ҳаст. Ҳақиқат бошад чун офтоб аст, ки онро бо домон пӯшидан ғайриимкон аст.
-Хуш он ҳақиқатро бо кадом далел пойдор нигоҳ доштан мехоҳад?
-Аслан то баёни андешаҳои шумо, ки гӯё Мирзои Абдураззоқ тамокукаши ашаддӣ будааст, кунҷи нигоҳи банда тамоман дигар буд, вале ҳамин як сухан нигоҳамро ба рафти ҳодисаҳо тағйир дод.
-Далелҳои доштаатонро пеш оред.
-То кунун мо дар андешаи он будем, ки қасд ба ҷони тоҷир равона шуда.
-Тафтишот ҳамин нуқтаро чун назарияи аввалин меҳисобад.
-Акнун худ тақозо намоед, ки нафаре аз таъқиб гурехта, ба ҷои хомӯш истодан ҳамсарашро огоҳ месозад, ки ҳатман суханони ӯро ба нафаре, ки занг мезанад, бигӯяд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо