Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҳангоме ки Пайрав сесола шуд, Нигора духтар таваллуд намуд ва ба ӯ номи модарашро гузошт: Малика. Гумон дошт, ки таваллуди тифли нав овозаҳоро дар атрофи шавҳари шабгардаш камтар мекунад, вале ҳамааш баръакс шуд...
-Ман ӯро ба даст гирифта натавонистам, ниҳоят ашки дар бари рухсор ғелзадаашро бо нӯги рӯймолаш пок намуда гуфт Нигора.
-Худро беҳуда маломат накунед.
-Худам осудаи зиндагиро надидам ва акнун намедонам ҳоли фарзандонам чӣ мешавад.
-Худованд бузург аст ва ӯ ҳаргиз бандагонашро аз ёд нахоҳад баровард.
-Умеди мо ҳам ба Офаридгори бузург аст, - гуфт мусоҳибам.
-Бо иҷозаи шумо, - гӯён ман аз ҷой бархостам.
-Ҳатто як пиёлаи чои моро ҳам нагирифтед, - изҳори нигаронӣ намуд соҳибхона.
-Ҳеҷ гап не, барои ташвиш доданам бори дигар узр, - гӯён ман аз дар баромадам. Тамоми роҳ то ба идора расидан ман дар бораи Нигора фикр намудам. Ҳарчанд ман дар бораи шавҳараш напурсидам ва ӯ низ дар ин бора қариб ки чизе нагуфт, вале худи саргузашти Нигораро донистан кифоя буд, ки дар бораи шавҳари ӯ хулоса барорӣ...
“Шиноварро об мекушаду морбозро мор,”- ба ёд овардам ман суханони амаки Собирро, ки дирӯз дар ҷаноза гуфта буд.
...5...
Қарсак аз ду тараф гуфтанд. Хусусан дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ба ҳамин нуқтаи назар аз паси панҷа нигаристан хатои маҳз аст.
Вақте ки ман ба дафтари кории муфаттиши прокуратура омадам, бори дигар ба бузургии суханони аз гузаштагон чун мерос ба мо монда бовар намудам.
-Ягон навигарӣ ҳаст? - баробари ба курсӣ нишастанам пурсид муфаттиш.
Чун баъди азназаргузаронии ҷойи ҳодиса мо бори аввал вохӯрдем, ман маҷбур шудам аз ҳама дидаву шунидаҳои тайи ду шабонарӯзи охир муфаттишро огоҳ созам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё