Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Саволе ба миён меояд, ки ба кадом хотир, ё намеояд?
-Не, меояд.
-Мехостам ба ҳамин савол посухи шуморо шунавам.
-Посухи маро?
-Бале.
-Нигоҳи банда дар ин ҷода сари як нуқта гирд наомада истодааст, вале аминам, ки шумо, рафиқ капитан, кори бандаро осон мекунед.
-Гумон мекунам, Қиёми Абдулхайр аз ин хабари гирифтааш чандон боварӣ ҳам надоштааст, вале аз девори каҷ ҳазар гӯён барои аз кишвар фирор намудан розӣ шудааст ва дар ҳамин ҷо ӯ боз рафтори ҳамсояро дар рӯзи аз гарав озод шудану тайи чанд соат дар куҷо будани ӯ ва ҳамсарашро ба ёд оварда дилаш фишурда шудааст. Ӯ аниқ ҳам набошад, бо покдомонии ҳамсараш шубҳа доштааст. Албатта, нафаре, ки бояд ба вай занг мезад, мақсаду мароми муайяне дошт. Фарз намудем ӯ қарзи додаашро талаб намудан мехост...
-Хуш, хуш...
-Рафту агар ҳамсараш вайро бовар намекунонид, ки шавҳараш дар Кӯлоб асту шояд дер баргардад, вай бо дигар роҳ санҷидани ин амалро ба душ мегирифт.
-Кадом амалро?
-Дар хона будани тоҷирро. Ҳодиса ҳозир аз нигоҳи мо одӣ менамояд, вале дар асл чунин нест.
-Яъне, дар ҳодисаи мазкур низ мушкилоте вуҷуд доштааст?
-Бале, ва инро тоҷири фирорӣ нағз медонистааст ва на танҳо инро.
-Боз чиро?
-Ӯ низ тамокукаши ашаддӣ будани ҳамсояро дониста гирифта будааст.
Чӣ хеле гуфтам, ӯ шояд пайхас мекардааст, ки байни ҳамсараш ва ҳамсоя рози ниҳоне ҳаст. Рафту ӯ ба хориҷи кишвар сафар намояд, ба гумон аст, ки ҳамсари бевафояш ва ҳамсояи ҷоҳилаш аз ин фурсати муносиб истифода набаранд. Бо ҳамин як хабаре ки дар гӯши ҳамсараш дар фурудгоҳ расонидааст, хостааст ҳамсарро ҳушдор созад то қадамашро дониста гузорад, модоме ки шахси дар суроғи шавҳараш буда телефон намудааст, пас омадани вай ба хонаашон аз эҳтимол дур нест...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо