Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Зан бояд мефаҳмид, ки шавҳараш аз рӯи зарурият аз Ватан фирорӣ шуд, ва нафаре, ки вайро суроғ дорад, марди аноӣ нест.
Ман аминам, ки баъди дидани суроби мард ҳамроҳи Матлубаи Гурез ҳамон нафари зангзананда боз занги дарро ҳам зер намудааст, вале ҳамсари бевафо баъди хиёнат чӣ тавр метавонист дарро ба рӯи нафаре, ки шавҳарашро мешиносад, боз намояд.
Чӣ хеле гуфтам, мард бо ягон роҳ шояд тариқи назорат аз бинои муқобил ё шояд камингоҳи гирифтааш ҳангоми ба даҳлези хона баромадани Мирзои Абдураззоқ ӯро дидааст. Ҳамин ҳолат ӯро маҷбур намудааст, ки барои овардани яроқ равад ва билохира ҷазои хиёнаткорро диҳад.
-Аҷиб.
Ягон ҷои тааҷҷубаш ҳам нест. Намедонам, тариқи ба дар ангушт задани он мардро Матлубаи Гурез тасдиқ мекунад ё не, вале кор бояд айнан чунин сурат гирифта бошад. Аз ҳамин лиҳоз мо метавонем боз як маротибаи дигар ҳам ба Матлубахон вохӯрда, ба саволҳои хеш посух биҷӯем. Акнун боз бармегардем, ба рафти ҳодисаҳо. Аслан он шаб Мирзои Абдураззоқро аз ҳамсояи фирориаш ғуборе дар дил набуд, вале баъди ба дар ангушт задани нафаре, ки Матлубахон ӯро нашинохт, мард ба даҳлез баромад, то бифаҳмад, ки меҳмони шабгард рафт ё на. Чун меҳмон марди аноӣ набудааст, ноаён “соҳибхонаро”, ки аз вохӯрӣ бо вай канорҷӯӣ мекунад, дар даҳлез дидааст. Албатта, ӯ боз аз ошёнаи сеюм баромадаву ба дар ангушт зада метавонистааст, вале аз тарси он ки ҳамсояҳо бедор нашаванду ба милиса занг назананд, аз иҷрои чунин амал худдорӣ намудааст. Шояд ҳамаи инро сабаб он бошад, ки Қиёми Абдулхайр низ дар бораи эшон “маълумоти” кофие дар даст дошта.
-Носипосии соҳибхона нисбат ба марде ки ӯро “ёд кардаву суроғаш рафтааст” нафари дуюмро нороҳат сохтаву ӯ бо васвасаи шайтон дода шуда...
-Қиёми Абдулхайр бошад, бо ҳамин як тир (суханҳои дар фурудгоҳ ба ҳамсараш гуфта дар назаранд) на танҳо ду, балки чор нишон задааст.
-Чӣ хел чор нишон? - ҳайрон шуда пурсидам ман.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо