Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Якум худаш ҷон ба саломат бурда. Дуюм бевафогии ҳамсарашро, ки сарашро доданӣ ҳасту хонаро не, собит намуда, сеюм, ҷазои онеро ки намакро хӯрдаву ба намакдонаш туф намудааст дода ва чаҳорум аз нафаре, ки қасди ҷонаш дошт, ба куллӣ озод шуда.
-Гумон доред, ки қотил дигар бо ӯ рӯ ба рӯ намешавад?
-Ҳамааш ба худи мо вобаста, рафту агар кӯшишҳоямон барабас нараванд, мо онҳоро дар муқобили якдигар шинонда, аз ин асрори ниҳон пурсон мешавем.
-Иншоолоҳ, ҳамааш чунин хоҳад шуд.
-Мо қариб, ки паланги дар ҷангал сайругаштнамударо пӯст кандем, вале намедонам чун бо паланг рӯ ба рӯ шавем, чӣ мекунем.
-Бо шағол гӯед, бо шағол, - гуфтам ман...
-Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон.
Ҳарчанд ман дар нисбати муфаттиш як эҳтироми хоса доштам, вале гоҳе аз ҳозирҷавобии ӯ худро ноҳинҷор ҳис менамудам. Барои ҳар як савол ӯ ба фикрам панҷ мақолу зарбумасал медонист ва ҷояш ояд, онро чун нештар ба сӯят ҳаво медод, бехабар аз он ки он то ба устухони мусоҳиб мерасад. Ана ҳамин хел духтар буд Нӯшин. Хостам сухани дар нисбати банда гуфтаашро ба ду пули пучак қадр накунам, бинобар ин гуфтам:
-Онҳоеро, ки пой ба болои қонун гузоштаанд, душман хондан хатост.
-Пас онҳоро чӣ гӯем?
-Рақиби дар сангари муқобил буда.
-Рақиб ё душман чӣ фарқ дорад?
-Дар асл ҳеҷ, вале аз нигоҳи сиёсӣ мақоми нафарони дар ду тарафи сангар нишаста, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои хеш талош варзиданианд, дар оғози кор баробар аст.
-Дар анҷоми кор чӣ?
-Гурӯҳе ғолиб ва гурӯҳе мағлуб. Мағлуб дар ҳама гуна бозии сиёсӣ асир номида мешавад ва мувофиқи конвенсия дар бораи асирони ҳарбӣ ҳама гуна шиканҷаю зӯроварӣ ба онҳо манъ аст.
Нисбат ба асирони ҳарбӣ нигоҳатон дуруст, чунки онҳо мардона дар майдон бозӣ намудаанд, вале рафтори ҳама гуна ҷинояткор чун нафаре ҳаст, ки пинҳонӣ аз пушт зарба мезанад. Аз чунин зарбаҳои номардона алҳазар, чунки онҳо як муҳити носолимеро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба бор меоранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо