Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷомеаи шаҳрвандии ҳар давлат, чун як тан аст ва носипосе ба он зарба мезанад. Гумон доред, ки танҳо ҷои зарба гирифта дард мекунад?
Ҳаргиз ин хел нест, чунки агар узве ба дард ояд, узвҳои дигарро ҳам ором намегузорад, пас ба андешаи шумо чунин афродеро, ки оромию осудагиро намехоҳанд, чӣ бояд номид?
-Майлаш, бигузор гуфти шумо шавад.
-Модоме ки чунин аст, душманро новобаста аз он ки ӯ чун магас нотавону ноҷинс аст, аз фил набояд кам дид.
-Фаҳмо...
...32...
Чароғро хомӯш намуда, ба ошёнаи якум фаромаданӣ будам, ки лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шарифро дар зинаҳои байни ошёнаи якум ва дуюм дидам.
-Шумо ба куҷо, рафиқ капитан?
-Ба хона.
-Биё, рафтем.
-Ба куҷо?
-Ба беморхона.
-Чӣ ягон ҳодиса шуд?
-Хайруллои Ашӯр шуморо пурсида истодааст.
-Чаро ӯ ба ман занг назад.
-Ӯ ба навбатдор занг задааст. Ним соат пеш нафаре тариқи ҳамшираи шафқат баҳри Қиёми Абдулхайр ким-чӣ хел мактуб доданӣ шудааст.
-Мактуб дар куҷост?
-Дар ҳамон ҷо.
-Дар дасти Қиёми Абдулхайр?
-Намедонам, биё беҳтараш ба беморхона меравем, - гуфт Абдурашид ва мо ҳарду ба ошёнаи якум ба назди навбатдор фаромадем.
-Ман омадани шуморо надидам. Гумон намудам, ки аз прокуратура рост ба хона рафтаед, бинобар ин хостам Абдурашидро ба беморхона фиристам, вале ӯ ба ҷои аз дар баромадан ба тарафи ошёнаи дуюм давид,-худро сафед карданӣ шуд навбатдор Бутаков.
-Абдурашид ҳам чӣ кор карданашро медонад.

пешина
аз 429
навбатӣ