Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бе пир марав, ки дар бимонӣ,- гуфт Абдурашид ва ба тарафи дари баромадгоҳ ҳаракат намуд.
-Мо ба беморхона рафтем, - гӯён ман ҳам бо Ёрмуҳаммад Бутаков ба қавле худоҳофизӣ намудам.
Баъди даҳ дақиқа дар рӯ ба рӯи беморхонаи панҷуми шаҳрӣ аз мошин фаромадем ва ба самти муқобили роҳ гузашта, ба тарафи бинои асосӣ ҳаракат намудем.
-Эй хайрияте! - баробари моро дидан гуфт Хайруллоҳи Ашӯр.
-Чӣ гап шуд?
Мусоҳибам дигар каломе ба забон наоварда, аз ҷайбаш коғазчаи қатшудаеро бароварда ба дастам дод.
“Забон дар даҳон посбони сар аст...” баробари кушодани он коғазча беихтиёр бо овози шунаво ба забон овардам навиштаҷоти онро. Сипас нигоҳамро ба тарафи Хайруллоҳи Ашӯр дӯхтам.
-Нафаре тариқи ҳамшираи шафқат ҳамин номаро ба дасти Қиёми Абдулхайр доданӣ шуд.
-Кай?
-Қариб як соат шуд.
-Ҳамин номаро танҳо?
-Не, боз каме меваҷот ва нӯшокӣ, номаро аз таги халта дарёфтем.
-Ҳамшираи шафқат онро ба шумо дод?
-Не, ҳамааш натиҷаи ҳушёрии старшинаи милиса Рисқуллои Нуралӣ шуд. Маҳз Рисқулло халтаро дар дасти ҳамшира дида, ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
-Ҳоло халта дар куҷост?
-Онро дар утоқе, ки барои мо ҷудо намудаанд, бурда гузоштем.
-Ҳамшира он шахсро мешиносад?
-Не.
-Қиёми Абдулхайр аз “туҳфаи” барояш фиристода хабар дорад?
-Не.
-Набошад, рафтем.
-Ба куҷо?
-Ба ҷое, ки бо ҳамшира имконияти суҳбат намудан бошад, вале ин амалро тавре ба роҳ бояд монд, ки касе нафаҳмад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо