Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Гумон доред, ки аз қафои ҳамшира назорат мебаранд.
-Кӣ медонад?
-Набошад, рафтем, - гуён Хайруллоҳи Ашӯр худ пешопеш ва ману Абдурашид аз дунболаш ба ошёнаи дуюм баромадем...
Моро дар дафтари кории мудири шуъба гузошта, Хайруллоҳи Ашӯр худ барои овардани ҳамшираи тиббӣ рафт.
-Хайруллоҳи Ашӯр гуфтанд, ки ҳамшираи “хайрхоҳро” бо ҳуҷрае, ки Қиёми Абдулхайр табобат мегирад, ягон иртиботе нест.
Пас бо кадом сабабҳо нигоҳи нафаре, ки халтаро ба ҳуҷра фиристоданӣ шудааст, ба ӯ афтодааст? - пурсид Абдурашид.
Дар кушода шуду посухи саволи Абдурашид дар нӯги забонам монд. Охир худи ҳамшира ҳамроҳи Хайруллоҳи Ашӯр вориди дафтари кории мудири шуъба шуд. Ҳамин як нигоҳ бастанда буд, ки Абдурашид ба он суоли ноҷои хеш ҷавоб бигирад.
-Рафиқ капитан, ин кас ҳамшираи шафқат Сафинаи Толиб, - ҷавонзанро муаррифӣ намуда гуфт Хайруллоҳи Ашӯр.
Сафина дар намуд ҷавонзани биступанҷ-бистуҳаштсолае буд.
Қаду қомати чун санавбар зебо, чашмони чун олу сиёҳ, бинии борик, лабони ақиқ, абрӯвони чун моҳи нав дар уфуқ намудоршуда, зулфони чун думи мор ҳалқазада, мӯйҳои марғулаи ҳалворанг, анорҳои баланду зебои пеши бар, камари борик ва ронҳои сафеду таранги ҳамшира нигоҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекард... Рафту нафаре, ки аз ӯ ёрӣ хостааст ва бо вай аз наздик шинос набошад, аз рӯйи ҳамин сифатҳояш бо баҳонае ба вай наздик шудааст. Аҷибанд мардон, ба ростӣ, нигоҳи ҳамаи онҳо ба ҷинси латиф, хусусан ба чунин нафароне, ки сифоташро дар боло овардем, чун нигоҳи занбӯри асал ба ширинӣ аст. Ин ҳолатро ман дар нигоҳи Абдурашид, ки ба суоли хеш посух меҷуст, дарёфтам, ҳарчанд аҳволи худам ҳам аз вазъи Абдурашид хубтар набуд...
-Маро рафтанам лозим, - нигоҳи пур аз асрори моро дида овоз рӯшан кард Хайруллоҳи Ашӯр ва маҳз ҳамин як ҷумла ба “парвозҳои” хаёлии мо дар атрофи ҳамшираи шафқат, ки ҳанӯз пушти дар чун толиба дар назди тахтаи синфи рост меистод, нуқта гузошт...
-Марҳамат, гузашта шинед, - гуфтам ман ва бо ангуштам ба курсии рӯ ба рӯи Абдурашид ишора намудам.
Сафина дигар каломе ба забон наоварда, ба курсӣ нишаст.

пешина
аз 429
навбатӣ