Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Набошад, ба ман рухсат, рафиқ капитан, - дубора сари ҳамон масъала баргашта гуфт Хайруллоҳи Ашӯр.
-Ихтиёр шуморост, хоҳед истед, якҷоя бо бону Сафина суҳбат мекунем.
-Бо иҷозати шумо, - гӯён Хайруллоҳи Ашӯр аз дар баромад.
Муддате мо боз байни андешаҳои хеш будем. Сафинаро намедонам, вале гумон мекунам, ки Абдурашид ҳамчун худи ман ҷӯёи он суоле буд, ки байни ҳамшира ва нафаре, ки ӯро ба аёдати бемор фиристодааст, чӣ иртиботе ҳаст.
-Ному насаб?
-Сафинаи Толиб.
-Рӯз, моҳ, соли таваллуд?
-31 январи 198...
-Гумон мекунам, ки дар кадом вазъ қарор доштани хешро медонед.
-Албатта.
-Ному насаби нафаре, ки тариқи шумо мехост номаро ба бемор аз ҳуҷраи бистуҳафт диҳад.
-Намедонам.
-Аминам, ки ӯро бинед, мешиносед.
-Ӯ қариб, ки ҳамсинну соли худи ман буд, қади миёна ва нигоҳи тезе дошт.
-Чӣ хел нигоҳи тез? Нафаҳмидам.
-Нигоҳе, ки мард мақсади хешро тариқи он ба ҷинси латиф баён мекунад.
-Чун савдогар?
-Не, чун харидор.
-Номашро нагуфт.
-Не, вале гуфт, ки аз ду сар бандаро меёбад.
-Шумо бошед, бовар кардед.
-Мо занҳо ниҳоят зудбоварем, агар чунин намебуд, ман имрӯз бори дуюм барои ҳамин як кирдоре, ки чор танга арзиш надорад, ҷавоб намегуфтам.
-Чаро ӯ халтаро ба бемор не, балки ба дасти шумо дод?
-Гуфт, ки овардани доруро барои бемор аз ёд баровардааст ва бо халта то дорухона рафтанаш душвор мешавад.

пешина
аз 429
навбатӣ