Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ӯ аз шумо хоҳиш кард, ки халтаи меваҷот ва обро бурда ба дасти бемор диҳед?
-Чунин ҳолатҳо дар беморхона кам нестанд.
-Оё шумо медонистед, ки ба назди бемори дар ҳуҷраи бистуҳафт буда рафтан мумкин нест.
-Не.
-Ҳатто намедонистед, ки бемор дар зери назорати милиса қарор дорад?
-Не, намедонистам.
-Акнун мо ба ёрии шумо ниёз дорем.
-Чӣ хел ёрӣ?
-Нафаре, ки халтаи меваҷотро ба шумо додааст, мақсадҳои нопок дорад. Аз ҳамин лиҳоз мо бояд ҳар як амали ноҷои ӯро пешгирӣ намоем.
-Аз ман чӣ мехоҳед?
-Мо бе ёрии шумо ӯро ёфта наметавонем.
-Гумон доред, ки ман ӯро дастгир намуда, оварда ба дасти шумо медиҳам?
-Аслан чунин талабот аз ҷониби мо нахоҳад шуд. Муҳим он нест, ки шумо ӯро дастгир намоед.
-Шуморо нафаҳмидам.
-Мо мехоҳем, ки бо нафаре ки хатро ба дастатон додааст, аз наздик шинос шавед.
-Ман ӯро аз куҷо ёбам?
-Шумо не, ӯ худаш шуморо меёбад.
-Чунин худбоварӣ аз куҷо?
-Таҷрибаи зиндагӣ худ ифодагари гуфтаҳои мо хоҳад шуд.
-Яъне, ки...
-Дуруст фаҳмидед, нафаре, ки халтаи меваҷотро ба дасти шумо дод, бо як тир ду нишон задан мехоҳад.
-Чӣ хел ду нишон? Он нишонҳо кадомҳоянд?
-Якум, ки ӯ ҳадафи асосии хеш, яъне ба бемор додани номаи дар зери меваҷот пинҳонбударо иҷро кард. Аз ҳамин рафтори вай бармеояд, ки бархилофи шумо ӯ дар зери назорат будани беморро медонистааст, ё аниқ надонад, ҳамчунин як тасаввуроте дар ин ҷода доштааст. Агар ӯ бегуноҳ мебуд, ҳаргиз аёдати беморро ба зиммаи шумо намегузошт. Модоме ки ба чунин амал даст зад, пас барои ин асос дорад.

пешина
аз 429
навбатӣ