Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар шароити кунунӣ, ки бемор дар зери назорати милиса аст, ӯ нахостааст, ки кормандони милиса симояшро бубинанд. Рафту агар ҳамон номаи фиристодааш намешуд, мо гумон мекардем, ки баробари дидани шумо вай инони ихтиёр аз даст додаву бо ҳамин баҳона бо шумо суҳбат намудан хостааст.
-Элак баҳонаю дидор ғанимат, ҳамин хел?
-Агар нома намешуд.
-Нишонаи дуюмашро нагуфтед.
-Модоме ки ӯ дар байни ҳамин қадар ҳамшираҳои шафқат баҳри иҷрои амали нопоки хеш шуморо чун номзад пазируфтааст, ба ҷуз иҷрои амали мазкур вайро андешаи дигаре низ дар сар аст.
-Чӣ хел андеша?
-Аҷаб нест, ки бо нигоҳи хеш дили он харидорро мусаххар накарда бошед.
-Рӯирост мегӯям: -Ҳаргиз ман бо нафаре ки бори аввал мебинам, дил нахоҳам дод.
-Ин чандон муҳим нест.
-Чӣ хел муҳим нест?
-Чунки харидор қимати молро дар бозор медонад ва албатта баҳри ба даст овардани он боз чанд кӯшише ба харҷ хоҳад дод.
-Рафту ман зани озод набошам-чӣ?
-Инро ба мо не, балки беҳтар мебуд, ба вай мегуфтед.
-Рафту агар биёяд, албатта мегӯям.
-Меояд ва мо ба ёрии шумо умед мебандем.
-Метавонед осуда бошед, - гуфт Сафинаи Толиб.
Ману Абдурашид роҳҳои ба алоқа баромадани ӯро дар ҳолати вохӯрӣ бо “ошиқ” фаҳмонда додем ва бо вай худоҳофизӣ намудем...
-Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки ӯ бо чунин осонӣ аз пурсиш раҳо меёбад,-баъди рафтани Сафинаи Толиб эътироз намуда гуфт Абдурашид.
-Магар кифоя нест, ки ӯ барои ҳамкорӣ бо мо розӣ шуд?
-Рафту фиребамон диҳад-чӣ?
-Охир ба вай фаҳмондем, ки бо ҷинояткор ҳамақида будан чӣ оқибатеро барояш ба бор хоҳад овард.
-Яъне, умед мебандем.

пешина
аз 429
навбатӣ