Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Албатта.
-Ба андешаи шумо ӯ кай ба вохӯрӣ меояд?
-Гумон мекунам фардо субҳ.
-Чаро имшаб не.
-Чунки ӯ ба чӣ кор даст задааст, худаш медонад. Ҳатто медонад, ки ҳамшираи шафқат баъди як шабонарӯзи дар хизмат буданаш бояд барои истироҳат ба хонааш равад. Аҷаб нест, ки ӯ фардо Сафинаро дар баромадгоҳи беморхона интизор нашавад. Он вохӯрӣ ниҳоят тасодуфӣ бояд ба назар намояд. Ҳарчӣ ҳам набошад, ӯ ҳамшираро дида, ба вай чун дӯсти кӯҳан наздик мешавад.
-Рафту шаб биёяд.
-Чунинашро ҳам истисно кардан мумкин нест ва албатта Сафина чӣ кор карданашро медонад...
Дар кушода шуду Хайруллоҳи Ашӯр пой ба остона гузошта, моро сари суҳбат дида пурсид:
-Ҳамшира куҷо шуд?
-Вай рафт.
-Ба куҷо?
-Ба ҷои кораш.
-Ягон гиреҳе ба даст омад?
-Не, вале гумон мекунам, ки мо бо ёрии ҳамшира то ба сарчашма хоҳем расид.
-Чӣ хел?
Ман матлаби хешро дубора баҳри Хайруллоҳи Ашӯр арзони доштам, ва нақши ӯ ва шербачаҳояшро низ дар амалиёти мазкур фаҳмонда додам.
-Фаҳмо,-гӯфт Хайруллоҳи Ашӯр.
...33...
-Яъне, наомад?
-Ҳамин хел, рафиқ капитан.
-Шояд Сафина...
-Не, ӯ дар тамоми он муддат дар зери назорати мо буд.
-Шояд тариқи ягон ҳаракат...
-Чӣ хел ҳаракат?
-Фарз кардем бо дасташ мӯйи сарашро шона зад.
-Аз ин вай чиро мефаҳмад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо