Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар бораи ҳодисаи ду сол пештар рухдода напурсидед.
-Ман нахостам болои сӯхта намакоб пошам.
-Ҳарчанд мо дар ин бора ҳанӯз маълумоти кофӣ ҳам надошта бошем, вале гумон мекунам, ки оғози ҷустуҷӯйҳоямон бе натиҷа нест.
-Ман ҳам чунин меҳисобам.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро Насимӣ аз ифшо намудани он ҳодиса худдорӣ намудааст?
-Ба фикрам, аз рӯи хусусияти миллӣ.
-Яъне, ки аз қафои шахси фавтида ё сухани нек бигӯ ва ё хомӯширо ихтиёр намо.
-Профессори муҳтарам марди рӯзгордида аст. Ӯ ба дониши касбии собиқ ҳамкораш баҳои мусбӣ дод. Чун банда аз ҳодисаи ду сол пеш рухдода пурсон шудам, эшон посухи аҷибе дод, ки кӯзапуштро танҳо хоки гӯр рост мекунад.
-Охир домулло Насимӣ пӯсткандаи гапро гуфтааст.
-Ҳа, дарвоқеъ, сараввал ӯ гуфт, ки аз ба забон овардани муҳтавои он ҳодиса шарм медорад, вале чун банда ду пойро дар як мӯза андохта, эшонро барои бетараф буданаш гунаҳкор намудан хостам, чунон посухам дод.
-Ӯ мағзи гапро гуфтааст. Акнун моро лозим меояд, ки атрофи ҳамон ҳодиса маълумоти бештаре ба даст оварем. Рафту агар ҳамин тарафи масъаларо шумо, рафиқ капитан, ба душ гиред, банда ба коғазбозӣ машғул шавам, дар акси ҳол ман ба коргоҳи Мирзои Абдураззоқ меравам, то нӯге аз он гиреҳи сарбаста дарёбам...
-Ба ҷуз пазируфтани таклифи шумо бандаро дигар роҳе нест.
-Чаро?
-Чунки моддаи 45 Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ ба шумо ҳуқуқҳои бемаҳдуд додааст.
-Э, биёед монед.
-Майлаш ман розӣ, ки аз пайи ҳамин кор равам, вале намедонам бо чӣ дастовезе бармегардам.
-Ман ҳам албатта ҳамроҳи шумо мерафтам, вале баъди як соат омадани Матлубаи Гурезро интизорам.
-Гумон доред, ки вай аз нишондоди пештарааш бештар хабардор аст?

пешина
аз 429
навбатӣ