Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Муҳаббат ҳам алифбои хешро дорад.
-Чӣ хел алифбо?
-Чун алифбои Морзе.
-Онро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
-Фарз кардем бо шона не, бо дасти рост шона задани мӯй пушти сар ин маънои осуда бош, касе нестро дорад. Ҳамин амал тариқи дасти чап бонги хатарро мефаҳмонад.
-Муаллифи ин алифбо кӣ будааст?
-Худи дилдодагон. Аслан ҳар соҳа алифбои хешро дорад ва ҳатто шабона мардуми шабгард тариқи чароғак иродаи хешро ба ҳамдигар баён мекунанд.
-Ва онҳо якдигарро мефаҳманд.
-Алифбои Морзе алифбои байналхалқии эътирофшуда аст ва онро натанҳо дӯстон, балки рақибон ҳам ба хубӣ дарк мекунанд.
-Далел?
-Фарз намудем ду киштӣ дар уқёнус дар масофаи на чандон дур аз ҳам шино доранд. Тасаввур намо, ки шаб торику воситаҳои алоқаи яке аз киштиҳо аз кор баромада, пас онҳо чӣ кор мекунанд.
29
-Сигнали “СОС” медиҳанд.
-Тариқи чӣ?
-Тариқи калиди ихтирокардаи Морзе.
-Гуфтам-ку, тамоми асбобҳои алоқа аз кор баромадаанд.
-Ин хел бошад, намедонам.
-Дар он сурат онҳо ҳамин амалро тариқи прожекторҳои калони дар болои киштӣ насбшуда такрор мекунанд. Рафту кадоме аз киштиҳои дар наздикӣ буда ҳамин хабарро гирифт, худ низ тариқи ҳамон гуна прожектор аз гирифтани хабар киштии ба фалокат дучоршударо огоҳ месозад ва ҳамчунин маллоҳони дар киштии муҳтоҷи ёрибударо огоҳ месозад, ки ба ёриашон расида меояд.
-Намедонам, дурусттараш ба ин тарафи кор чандон аҳамият надодем, вале шуморо бовар мекунонам, ки касе ба Сафинаи Толиб наздик намешавад,-гуфт лейтенанти калон Абдурашиди Шариф.
SOS-(англисӣ) – Бонги изтироб:”Ҷони моро наҷот диҳед!” -Дар чунин ҳолатҳо ба ҳама ҷузъиёти хурд аҳамият додан лозим.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо