Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз имрӯз эътиборан...
-Ҳоло Сафина дар куҷост?
-Ӯ ба хонаашон рафт.
-Назоратро аз қафояш набардоштед?
-Не, албатта, вале ҳеҷ боварӣ надорам, ки баногоҳ “ошиқаш” пайдо шавад.
-Ҳоло дигар чизе гуфта наметавонам, вале ба анҷоми неки кор умед бастанамон лозим мешавад.
-Шояд бо худи Абдулхайр вохӯрда, масъаларо кундаланг гузорем.
-Гуфтаниед, ки мактубро ба вай нишон диҳем.
-Чаро не?
-Албатта, байни номанавис ва Қиёми Абдулхайр асроре ниҳон аст, вале баъди нишон додани нома аҷаб нест ӯ об ба даҳон нагирад.
-Рафту баръакс шавад-чӣ?
-Агар номнавис ба суханони хеш боварӣ надошта бошад, ҳаргиз ӯро огоҳ намекард.
-Яъне, сабр намуданамон лозим.
-Моро дигар роҳе нест.
-Агар “ошиқи” Сафина баҳри мулоқот бо ӯ кӯшише накунадчӣ?
-Дар он сурат мо аз рӯи суханони Сафинаи Толиб фотороботи вайро тартиб хоҳем дод.
-Чӣ илоҷ, модоме ки шумо чунин мешуморед.
-Шояд шумо худ пешниҳоди ҷолибтаре дошта бошед, гап занед.
-Модоме ки ман ҳаракатҳои ҳамшираро дуруст ба зери назорат нагирифтам, пас чӣ тавр боз пешниҳодеро баҳри шумо баррасӣ намоям?
-Худро мазаммат накунед, ман ҳамин хел шуморо ҳушдор кардан хостам, ки минбаъд ба ин тарафи масъала низ диққати ҷиддӣ диҳед.
-Ман хеле шод шудам, хусусан аз ишораҳое, ки дар муҳаббат дилдодагон истифода мебаранд.

пешина
аз 429
навбатӣ