Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Акнун бо дилдодаат тариқи алфавити Морзе суҳбат кардан мехоҳӣ?
-Чаро не, вале ман ба алафавити мазкур аломатҳои нав ворид хоҳам сохт.
-Чаро?
-Чунки намехоҳам ба ҷуз худаму дилдодаам, каси дигар онро фаҳмад.
-Барори кор ва аминам, ки бандаро дар тӯй фаромӯш нахоҳед кард.
-Тӯй бе шумо? Тасаввур намекунам.
-Бисёр хуб, акнун аз паи корҳо шавед, аз хотир набароред, ки баъди ҳафтае шефи калон ҳам аз рухсатии меҳнатӣ бармегардад.
-Мефаҳмам, - гуён Абдурашид аз ҷой бархест.
Баъди рафтани ӯ ман боз сари андешаҳои хеш танҳо мондам.
Маълум буд, ки хурсандии кунунии мо хурсандии бармаҳал будааст. Мисли оне, ки марди деҳқон баъди кишту кори баҳорӣ омадани боронро таманно мекунаду сари субҳ аз хоб хеста, осмонро дар зери пардаи абр дида хурсанд мешавад, бехабар аз он ки онҳо ҳама абри гузарон аст ва бо зарбаи аввалини тундару шамоли аз қибла бархоста пароканда мешавад. Бехабар аз он ки абри гузар чун лашкари дар майдони набард бе сарвар монда аст ва ҳуҷуми на чандон бузурги душман ҳам дар байни лашкари бе сарвар бе низомию тарсу ҳаросро ба бор меораду боиси рахна гаштани сафҳои он мешавад. Абри гузар ҳам тоқати тундару бодро надорад ва чун деҳқон нурҳои офтобро аз қабати рахнашудаи он мебинаду оҳи сард аз дили пурдард мекашад...
Ман коғазҳои паҳну парешони болои мизро, ки аз сари субҳ баҳри омӯзиш гирифта будам, каме ҳам бошад, ба тартиб даровардам.
Фикрҳои мухталифе дар атрофи Сафина Толиб ва нафари ӯро таги чашм карда чун боди гузар, ки дар парокандашавии абрҳо саҳм мегузорад, дар майнаам чарх мезад. Ман то ҳамин лаҳзаҳо мутмаин бар он будам, ки нафаре, ки халтаро ба дасти ҳамшира додааст, бо баҳонае боз ба вай дидорбинӣ хоҳад кард, вале...
Чӣ хеле ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ бандаро бовар кунонд, “ошиқ” ба дидори зебосанам наомад.

пешина
аз 429
навбатӣ