Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

“Шояд ӯ ошиқ набошад,” нидо омад аз замирам. Шояд, вале ӯ бояд мефаҳмид, ки маводи фиристодааш ба дасти бемор расидааст ё не.
-Чунин ҳодисаҳо (тариқи ҳамшираҳои шафқат фиристодани маводҳои ба аёдати бемор овардашуда дар назар аст) лаки дар лаканд.
-Дуруст, вале ҳодисаи мазкур дигар аст.
-Чӣ фарқ дорад, модоме ки вай амали хешро анҷом дод ва бовари кулл дошт, ки ҳамшира ба амонат хиёнат намекунад.
Модоме ки хиёнат намекунад, пас номаи вай ба дасти беморе, ки хомӯш буданашро алво медонанд, расидааст.
-Барои шахсро дар амале гунаҳкор кардан далел лозим ва онҳое, ки аз Қиёми Абдулхайр хомӯш буданро талаб мекунанд, бояд боварӣ дошта бошанд, ки номаи фиристодаашон ба дасти бемор расидааст. Дар акси ҳол агар ӯ лаб кушояду ҳаммаслаконаш вайро гунаҳкор карданӣ шаванд, хоҳад гуфт, ки чун манро ба гӯшаи фаромӯшӣ додед, дилам аз одаму олам монд ва ҳақиқатро гуфтам. Дар чунин маврид нафаре, ки номаро бояд ба вай медод, пурсида хоҳад шуд ва ӯро низ аз гуфтани ҳақиқат роҳи гурез нест.
Барои ба чунин ҳолат наафтидан бояд сад дар сад боварӣ ҳосил кард, ки нома ба дасти Қиёми Абдулхайр расидааст...
-Дар акси ҳол чӣ?
-Акси ҳолро ман аллакай гуфтам.
Сипас ман аз ҷой бархеста, назди тиреза рафта, онро кушодам.
Боди сарде сару рӯямро палмосида гузашт. Ҳушёр шудам аз он боди сард ва ба ёд овардам, ки “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”...
Нигоҳамро ҳанӯз аз ҳавлӣ наканда будам, ки телефон садо дод. Гӯшакро бардошта гулӯ рӯшан намудам.
-Аз мактаб занг заданд, - хабар дод ҳамсарам ва ман ба ёд овардам, ки имрӯз бояд ба маҷлиси волидайн мерафтам.
-Чаро хомӯшӣ ё рафтан намехоҳӣ?
-Аз ёдам баромадааст.
-Албатта, аз ёдат мебарояд, модоме ки субҳи солеҳон аз хона мебароӣ ва посе аз шаб гузашта, ба хона меоӣ, - қариб шӯрида гуфт Умеда.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо