Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Хайр, ҳеҷ гап нашудааст, меравам, - гӯён гӯшакро болои аппарат монда, кулоҳамро ба сар гузошта, борониамро ба даст гирифта, ба сӯи дар ҳаракат намудам.
Бархилофи садои телефони шаҳрӣ телефони дохилӣ чунон занг зад, ки... Дилу бедилон аз пеши дар ба қафо баргашта, гӯшакро бардоштам.
-Рафиқ капитан, шуморо аз прокуратура мепурсанд, шуморо пайваст намоям? - гуфт сержанти милиса Шопуров.
-Лозим нест.
-Фаҳмидам, рафиқ капитан, - гӯён ёрдамчии навбатдор худаш ба алоқа нуқта гузошт.
Дарро баста, роҳравон борониамро ба бар карда истода, аз зинаҳо ба поён давидам. Хостам бо ҳамон суръат аз бино берун шавам, вале ёрдамчии навбатдор садди роҳам шуда пурсид, ки ба занги телефонии прокуратура чӣ ҷавоб диҳад?
-Маро ба мактаб рафтанам лозим, мефаҳмед?
-Акнун фаҳмидам, вале ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ лозим аст ин ҳама пинҳонкориҳо?
-Имрӯз маҷлиси волидайни хонандагони мактаб будааст, ҳарчанд банда дар ин бора ду шабонарӯз пеш огоҳнома гирифта будам, вале ба мактаб рафтан аз ёдам баромадааст...
-Боке нест, ман худам ҳамаашро ҳал мекунам, - гуфт Шопуров.
-Ту марди бузургӣ Мунавваршо.
-Ин хел нагӯед, рафиқ капитан.
-Ҳақиқатро ба делел эҳтиёҷ нест, - гӯён ман аз бинои милиса баромадам.
То оғози маҷлис боз бист дақиқа вақт буд, бинобар ин таксиеро боздошта, суроғаи мактабро гуфтам.
Ду дақиқа пеш аз оғози маҷлис пой ба остонаи мактаб гузошта, оҳи сабуке кашидам...
Номзадии бандаро ба мақоми вакили маҷлиси волидайн дишаб муҳокима намуда будем...
Пештар ин тарафи кор ба зиммаи модари Расул афтода буд, вале баъди таваллуди Фараҳноз (ӯ акнун думоҳа шудааст) иштирок дар маҷлис ба души банда афтид. Умуман, ин бори аввал буд, ки аз оғози таҳсил ман ба мактаб омадам.

пешина
аз 429
навбатӣ