Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фарошзан ҳарчанд бандаро нашинохта бошад ҳам, вале падар буданамро ҳис намуда гуфт:
-Ба тарафи рост, то охири даҳлез равед, дари охирон аз тарафи чап.
-Ташаккур, - гӯён баъди як дақиқа банда вориди маҷлисгоҳ шудам.
Мардумони зиёде он ҷо ҷамъ омада бошанд ҳам, вале ҳанӯз аз оғози маҷлис хабаре набуд.
Маҷлиси волидайн бо кадом сабабе панҷ-шаш дақиқа, пас аз вақти дар огоҳнома нишондодашуда сар шуд.
Мавзуи асосии маҷлис,-ин алоқаи волидайн бо мактаб буд.
Дар ин бора муовини сарвари мактаб оид ба корҳои беруназсинфӣ аз болои баромади тайёрнамудааш чашм наканда қариб бист дақиқа ба мо вазъ гуфт...
Сипас аз рӯи баромад панҷ-шаш нафар аз иштирокчиён, ки панҷоҳ фоизашон омӯзгор буданд, ба музокира баромада, гурӯҳе мактаб ва гурӯҳи дигар волидайнро ҳадафи тири хеш қарор доданд.
Баъди якуним соат маҷлис анҷом ёфт ва мо ба берун баромадем, намедонам маҷлис ҳадафи аслии хешро иҷро намуд ё не, вале як чиз аён буд, ки чи мактаб ва чи волидайн ба тақдири насли наврас ба таври бояду шояд назора доранд...
...34...
-Салом, рафиқ капитан!
-Салом!
-Пеш аз нисфирӯзӣ ду бор ба шумо занг задам, вале гӯшакро набардоштед.
-Дар маҷлис будам.
-Чӣ хел дар маҷлис ва чаро ман хабар надорам?
-Барои ба чунин маҷлисҳо даъват намудани худат ҳам вақти зиёд намондааст.
-Нафаҳмидам.
-Ман дар мактаб будам, дар маҷлиси волидайн.
-Акнун фаҳмидам.
-Садқаи одами аҳли фаҳм шавам. Хуш, акнун бигӯ ягон навигарӣ шуд, ки бандаро ба ёд овардед.
-Аслан навигарие, ки боиси таваҷҷуҳ бошад не, вале...

пешина
аз 429
навбатӣ