Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Вале чӣ?
-Вохӯрии тасодуфие рух додааст.
-Нафаҳмидам.
-Субҳи имрӯз Сафина ба бозори “Зарнисор” рафтааст ва дар он ҷо тасодуфан ҳамон нафарро дидааст.
-Кадом нафарро?
-Ҳамонеро ки дирӯз мо “шикор” доштем.
-Магар аз ин хабари хуштар мешавад? Канӣ гап зан.
-Чӣ хеле гуфтам Сафинаи Толиб субҳи имрӯз барои харид ба бозори “Зарнисор” рафтааст ва дар онҷо нохост ҳамон нафарро дидааст, вале инаш ҳам боиси тааҷҷуб нест.
-Пас чияш боиси тааҷҷуб аст?
-Ҳамонаш, ки он ҷавонмарди ба қавли шумо ошиқ ҳатто ба саломи духтар ҷавоб надодааст.
-Яъне, тарзе вонамуд намудааст, ки духтарро намешиносад.
-Айнан чунин шудааст.
-Шояд Сафина хато карда бошад, охир дар дунё одамони ба ҳам монанд кам нестанд.
-Ман ҳам ба вай ҳамин гапро гуфтам, вале ӯ ду пойро дар як мӯза халонида...
-Аҷиб.
-Барои ҳамин ҳам ба шумо занг задам.
-Вай ҳоло дар куҷо?
-Сафина?
-Не, ҳамон ҷавон.
-Аз куҷо донам?
-Сафина нагуфт, ки ӯ ба куҷо рафт.
-Онҳо дар баромадгоҳи бозор бо ҳам рӯ ба рӯ омадаанд, дурусттараш, вақте ки Сафина нияти ба бозор даромадан доштааст, “ошиқаш” бо халтаи калоне аз он ҷо мебаромадааст.
Сафина ӯро дида чун шиноси дерин салом намудааст, вале чӣ хеле гуфтам, дуюмӣ саломи ӯро бе алейк монда, роҳашро давом додааст.
-Назоратчиёнаш дар куҷо буданд?
-Дар ҳамон ҷо, вале онҳо наздик нашуданд, дурусттараш худро ошкор накардаанд. Охир онҳо аз куҷо медонистанд, ки Сафина бо нафаре рӯ ба рӯ омадааст, ки ҷустуҷӯяш дорем. Духтари бечора бошад, ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардааст, ки аз қафояш назорат ҳаст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо