Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Рафту дар ҳақиқат нафари дидаи Сафина ҳамон ҷавонмарде, ки мо ҷустуҷӯяш дорем бошад, пас ёфтани ӯ он қадар душвор нест.
-Чӣ хел душвор нест?
-Мо акнун медонем, ки ӯ дар кадом маҳалла зиндагӣ мекунад.
Дар асл ҳам бояд чунин бошад. Агар ӯ бо халтаи калон аз бозор баромада бошад, гумон намекунам, ки он халтаро ба гӯшаи дигари шаҳр барад.
-Рафту ӯ чун марди роҳгузар вориди бозор шуда бошад чӣ?
-Гӯш кун, мо дар остонаи зимистон истодаем, дар бозор ба ҷуз картошкаю пиёз ва себу нок дигар чӣ ҳаст?
-Намедонам чӣ гуям.
-Хуб мешуд, ки фардо Сафинаро ба ин ҷо даъват мекардед ва аз рӯйи нишондоди ӯ мо акси он ҷавонмардро тарҳрезӣ мекардем.
-Фардо Сафина дар кор аст.
-Набошад ӯро худи ҳозир даъват намоед...
...35...
-Шуморо ташвиш додан намехостем, вале илоҷи дигареро ҳам намебинем.
-Боке нест.
-Мехоҳем аз рӯйи гуфтаҳои шумо акси вайро тарҳрезӣ
30 намоем.
-Аксашро?
-Бале.
-Магар аксро ҳам тарҳрезӣ кардан мумкин аст?
-Ҳамааш ба шумо вобаста.
-Ба ман?
-Бале, ба шумо, муҳим он аст, ки шумо симои дидаатонро чӣ тавр ба хотир гирифтаед.
-Намедонам, то кадом андоза аз уҳдаи ин кор баромада метавонам.
-Ҳамааш ба шумо вобаста.
-Марҳамат, пурсед.
-Фақат ин ҷо не.

Фоторобот дар назар аст.

пешина
аз 429
навбатӣ