Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Нафаҳмидам.
-Ҳоло ба ошёнаи якум ба дафтари кории ташхисгаркриминалист меравем ва эшон аз рӯйи нишондоди шумо он симоро тарҳрезӣ мекунад.
-Гуфтам-ку, ман розӣ.
-Абдурашид, канӣ бубин ташхисгар-криминалист омад.
-Хуб шудааст, рафиқ капитан,-гӯён лейтенанти калон аз паи иҷрои супориши гирифтааш рафт.
-Ман ҳайронам, ки чӣ тавр ӯ шуморо нашинохтааст.
-Худам ҳам ҳайрон шудам, ман ҳамон лаҳза суханони оншаба гуфтаи шуморо ба ёд овардам.
-Кадом суханамро?
-Шумо гуфтед, ки харидор қимати молро дар бозор медонад ва албатта, баҳри ба даст овардани он кӯшише ба харҷ хоҳад дод.
-Дар бозор бошад, ҳамааш баръакс шуд, ҳамин хел?
-Бале, ҳамааш баръакс шуд ва ҳатто ба саломи банда посух нагуфт.
-Шояд ӯ худаш шуморо нашинохта бошад.
-Намедонам, вале ӯ бояд аз рӯи қарзи инсонӣ ба саломи банда посух мегуфт.
-Дар даромадгоҳи бозор мардумон чун мӯрчагон дар даву тозанд ва ҳар нафареро хаёле бар сар аст, эҳтимол аз ҳамин ҳисоб на ба шумо ва на ба саломатон аҳамияте надодааст.
-Намедонам, ба ҳар ҳол дар ҳамон лаҳза мардумони зиёде аз ҳарду самт дар ҳаракат буданд.
-Фурӯзони Нуралӣ дар ҷояш, - даро кушода хабар дод Абдурашид.
-Кӣ?
-Ташхисгар-криминалист моро интизор аст.
-Набошад, рафтем, - гӯён ман аз ҷой бархостам ва мо ҳар се якҷоя ба ошёнаи якум фаромадем. Ташхисгар-криминалист дар кадом шакл ба ёд овардани симои шахсро ба Сафинаи Толиб фаҳмонда дод ва худ аз қуттиҳои дар пешаш буда дар асоси нишондоди шоҳид акси рӯи нафари дидаи вайро, ки дар криминалистика чун фоторобот ёдрас мешавад, тарҳрезӣ намуд.
Сафинаи Толиб шояд аз рӯи ихтисос бошад, ки қувваи ҳофизаи хубе доштааст ва ҳар замон ин хел не, акси рӯяш ана ин хел буд гуфта, ташхисгарро водор месохт, ки акси гузоштаашро каме ҳам бошад, тағйир диҳад.

пешина
аз 429
навбатӣ