Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ин амал қариб як соат давом кард ва Сафина аксро дида тасдиқ намуд, ки нафари дар беморхона аз ӯ ёри хоста ва шахси дар бозори “Зарнисор” дидааш айнан ҳамин кас аст. Сипас ӯ дар бораи қаду қомат ва тарҳи либосҳои дар тан доштаи нафари дидааш дар ду маврид ба саволҳои ташхисгар посух гуфт ва мо бо ӯ худоҳофизӣ намуда, ҳушдораш сохтем, ки дар ҳолати зарурӣ метавонад бо кадом телефон ба алоқа барояд ва аз милиса дастур бигирад.
-Фардо субҳ ман ба кор мебароям, - гӯён Сафина ҳамроҳи лейтенанти калон Абдурашиди Шариф аз дар баромаданд. Ману Фурӯзони Нуралӣ муддате сари масъалаи мазкур суҳбат намудем ва сипас ман ба дафтари кориам баромадам. Соате пас ташхисгаркриминалист аз рӯи акси тайёрнамудааш зиёда аз панҷоҳ дона расм тайёр намуда оварда ба ман дод. Худи ҳамон бегоҳ мо расмҳоро ба милисаҳои қисми посбонию пайроҳадорӣ супурдем...
Аз байн боз як рӯз гузашт... Сафина ба кор рафту баъди бисту чаҳор соат боз ба дарвозаи беморхона баромада, роҳи хонаро пеш гирифт, вале касе “садди” роҳаш нашуд...
Тайи ин муддат милисаҳои қисми посбонию пайроҳадорӣ ҳам, ки акси “ошиқи” ҳамшираи тиббиро дар даст доштанд, дар маҳаллаҳои атрофи бозори “Зарнисор” хеле гаштугузор намуданд, вале...
Ҳамаи ҷаҳду талошҳо бе натиҷа анҷом ёфтанд.
Баъди шунидани гузориши онҳое, ки ба гурӯҳи ҷустуҷӯӣ - тафтишотӣ шомил буданд, муовини сардори ШКД Раҷабов маҷлисро бо як сухан ҷамъбаст намуд: - “Дарди бадро давои бад,”
- гуфт ӯ ва ба мо рухсати рафтан дод.
Сипас бо супориши муфаттиши прокуратура бемор Қиёми Абдулхайрро ба дафтари кории Нӯшинин Азиз оварданд ва мо дар якҷоягӣ ба пурсиши ӯ пардохтем.
-Ман аллакай ҳамаашро гуфтам, боз аз ман чӣ мехоҳед? - қариб шӯрида гуфт бемор, ки нияти дар рӯзҳои наздик аз беморхона баромадан надошт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо