Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале ҳамон субҳ ӯ ниҳоят даступо хӯрда буд.
-Албатта, баъди чунин “корнамоиҳо”.
-Одам шири хомхӯрда.
-Дар бораи шавҳараш ягон хабар ҳаст?
-Ҳаст, - гӯён муфаттиш аз ғалладони мизи кориаш ҷузвдони коғазиеро берун оварда, болои миз гузошт ва лаҳзае пас аз он варақаеро гирифта ба дастам дода гуфт:
-Дирӯз бегоҳӣ инро тариқи почтаи электронӣ гирифтем.
Ман варақаро ба даст гирифта чашм ба он духтам:
“Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Сарчашма Прокуратура ба муфаттиш.Н.Азиз.
Ба мактуби тариқи рақами 8/367 аз 01.11.соли 200... тариқи почтаи электронӣ фиристодаи шумо ҷавоб медиҳем, ки шаҳрванди
43 ҶТ Қиёми Абдулхайр соати 10 дақиқа рӯзи 31 октябр тариқи тайёра вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуд. Чун шумо хоҳиши бо роҳи оперативӣ дар бораи Қиёми Абулхайр гирифтани маълумотро пешниҳод намудаед, ба манфиати тафтишот мо низ бо роҳи оперативӣ муайян намудем: шаҳрванде, ки шумо дар нисбаташ таваҷҷуҳ зоҳир намудед, худи ҳамон рӯз дар меҳмонхонаи “Манас” ҷой гирифта, айни ҳол дар меҳмонхонаи мазкур иқомат дорад.
Замима акси Қиёми Абдулхайр, ки субҳи ҳамин рӯз ҳангоми аз меҳмонхона баромадан ба навор гирифта шудааст ба суроғаи шумо ирсол мешавад.
Сардори РКД шаҳри Бишкеки
Ҷумҳурии Қирғизистон, полковники милиса Кулов А. Р.
02.11.”
-Дӯстони қирғиз амали хуберо анҷом медоданд, агар...
-Агар чӣ?
-Агар шахси дар пеши меҳмонхонаи “Манас” аккосишуда дар ҳақиқат Қиёми Абдулхайр бошад.
-Шумо ба Қиёми Абдулхайр будани шахси ба навори оперативӣ афтида шубҳа доред?

пешина
аз 429
навбатӣ