Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Пас ин чист ва онро чӣ гуна шарҳу эзоҳ медиҳед,-“коғази” се шабонарӯз пештар ба вай фиристодаро наздаш гузошта пурсидам ман.
-Ӯ бо як нигоҳе варақаи дар наздаш бударо аз назар гузаронида, худро бепарво гирифтанӣ шуда пурсид: - Ин чӣ ва он ба ман чӣ муносибате дорад?
-Ин номаи онҳоест, ки худатро огоҳ кардаанд ва агар ҷон ба саломат бурдан хоҳед, ба ҷуз бо тафтишот ҳамкорӣ кардан дигар чорае надоред. Дар акси ҳол...
-Чӣ гуфтан мехоҳед?
-Дар акси ҳол милиса ҳам дигар қоблияте надорад, ки шуморо як умр нигоҳбон шавад. Ба таври дигар гӯем, мо дигар шуморо посбонӣ карда наметавонем.
-Рафту ман дар бораи онҳо чизе надонам-чӣ?
-Хулқи сагро танҳо соҳибаш медонад, рафту бо мо ҳамкорӣ кардан нахоҳед, маҷбур ҳам намекунем, чунки мо шуморо огоҳ намудем, боз нашаваду...
-Нашавад-чӣ?
-Нагӯед, ки шуморо огоҳ накардаем.
-Ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро ин номаро ба ман фиристодаанд.
-Ин маънои онро дорад, ки онҳо ба қоил шудани шумо манфиатдор нестанд, ин маънои онро дорад, ки шумо аз асрори ниҳони онҳо огоҳ ҳастед...
-Аз кадом асрор?
-Асроре, ки аз лиҳози қонун ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст, асроре, ки ба хотири ифшо нашуданаш онҳо аз ягон чиз, ҳатто аз хун рехтан сар нахоҳанд печид. То кадом андоза нақши шумо дар ин муаммо пойбарҷост мо намедонем, вале шумо бояд дарк намоед, ки танҳо бо тафтишот ҳамкорӣ намудан боиси аз ин варта берун омаданатон мегардад.
-Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам.
-Бисёр хуб, акнун метавонед баромада равед.
-Ба куҷо?
-Чун шумо аллакай шифо ёфтаед, гумон мекунам ба беморхона рафтанатон маъние надорад.
-Ман то кунун шифо наёфтаам.

пешина
аз 429
навбатӣ