Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Духтурон бошанд, моро бовар кунониданд, ки шумо дигар ба табобат эҳтиёҷе надоред. Акнун метавонед равед.
Қиёми Абдулхайр нобоварона гоҳ ба ману гоҳ ба муфаттиш нигариста, ба самти дар ҳаракат намуд.
-Худро эҳтиёт кунед, чунки аз ҳамин лаҳза мо назоратро аз қафои шумо бекор мекунем, - бо овози баланд гуфтам ман, вале тоҷир сухане дигар ба забон наоварда аз дар баромад.
-Шумо чӣ кор кардед, рафиқ капитан? - баъди рафтани Қиёми Абдулхайр овоз рӯшан кард муфаттиш.
-Гуфтам-ку феъли сагро танҳо соҳибаш медонад.
-Нафаҳмидам.
-Танҳо ӯ метавонад моро бо қотил рӯ ба рӯ созад.
-Роҳи дигаре набуд.
-Набуд...
-Рафту ба сари ӯ ягон ҳодиса биёяд-чӣ?
-Чунинашро ҳам истисно карда намешавад, вале то ҷое банда фаҳмидам, ӯ худаш ба сари касе, ки набошад, бадбахтӣ оварда метавонад
-Рӯшантар карда фикратонро баён созед.
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале аминам, ки тайи як шабонарӯзи оянда нафаре, ки лаҳзае пеш бо мо падруд гуфт, дубора ба саволҳои шумо посух хоҳад гуфт.
-Агар ӯ гурехта монад-чӣ?
-Дар он сурат ману шумо бе ҷазо нахоҳем монд.
-Чӣ нигоҳи сарде.
-Чун ба анҷоми неки кор умед бастӣ, оқибати бади онро ҳам набояд аз ёд баровард.
-Ман мутлақо зидди ҷавоб додани вай будам.
-Пас чаро эътироз накардед?
-Шумо милисаҳоро фаҳмидан душвор, гумон намудам, ки баҳраш доме гузоштаед.
-Бе иҷозаи шумо.
-Роҳу равиши кори шумо дигар аст, кӣ медонад?
-Дар ин бора қонуни махсусе ба тавсиб расида.
-Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ.
-Бале.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо