Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Мо бошем, аз доираи кодекси мурофиавӣ-ҷиноятӣ берун нарафтем, ки нарафтем.
-Сад задани сӯзангар-як задани оҳангар, боз чӣ мехоҳед?
-Оҳангар гуфта моро дар назар доред?
-Худатон тасаввур намоед, назоратро дар мамлакат прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои ба ӯ тобеъ мебаранд, боз чӣ мехоҳед?
-Прокурорҳои ба ӯ тобеъ, на муфаттишон.
-Кал додари кӯр...
-Чаро нигоҳатон ба мақомоти прокуратура чунин аст?
-Худи мақомот гуноҳе надорад, вале ҳастанд мансабдороне, ки ба ин номи олӣ иснод меоранд.
-Чӣ, дар милиса чунин ашхос нест?
-Аслан онҳое, ки обро лой карда, моҳӣ медоранд, дар ҳама соҳаҳо ҳастанд ва милиса ҳам истисно нест.
-Ба фикрам, аз мавзуи асосӣ дур рафтем.
-Ҳамин хел аст.
-Тафтишот донистан мехоҳад, ки танҳо ӯ метавонад моро бо қотил рӯ ба рӯ созад гуфтани милисаро асоси воқеӣ ҳаст?
-Ҳаст.
-Далел?
-Онҳое, ки мехостанд, Қиёми Абдулхайр ба даҳон об гирад, ором нахоҳанд шуд. Албатта, эшонро ягон сабабе ҳаст, ки тариқи нома хостанд “беморро” огоҳ созанд. Модоме ки чунин аст, ҳодисае ки онҳо аз ошкор шуданаш метарсанд, ҳодисаи одӣ нест.
Аз ҳамин лиҳоз моро лозим меояд, ки кашфи ин асрор намоем, вале чӣ тавр мо намедонем, чунки калиди ин муаммо дар дасти бемор Қиёми Абдулхайр ва дӯстони дар озодӣ будааш мебошад.
Акнун ки ҳарду тараф дар озодианд, кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод то боз сари он муаммои нуҳуфта баргарданд...
-Яъне, ки вай дар зери назорат аст?
-Бале.
-Набошад рафтем, - аз ҷой бархоста гуфт муфаттиш.
-Ба куҷо?
-Ба тановули нисфирӯзӣ.
-Ба тановул бошад, ба тановул, - гӯён ман ҳам аз курсӣ бархестам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо